Tajik

1 Corinthians

5

1ОВОЗАЕ ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатго дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст,2Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.3Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:4Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,5Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.6Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?7Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо, Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.8Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши щарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.9Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;10Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромризқон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки ая ҷаҳон берун шавед;11Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.12Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?13Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас щумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.