1ПАС, ҳар кас бояд моро ходимони Масеҳ ва муваккалони асрори Худо ҳисоб кунад;2Аз муваккалон талаб карда мешавад, ки ҳар яке амин барояд.3Барои ман хеле кам аҳамият дорад, ки шумо, ё одамони дигар, дар ҳаққи ман чй гуна ҳукм мекунед; худи ман ҳам ҳукме дар ҳаққи худ намекунам.4Зеро ки ман дар худ аӣбе намебинам, лекин бо ин худро сафед намекунам; ҳукмкунандаи ман Худованд аст.5Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вакт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикй пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро сшкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.6Ва инро, эй бародарон, ман ба хотири шумо ба худам ва ба Апӯллӯс нисбат додам, то шумо аз мо ёд гиред, ки касе бештар аз он чи навишта шудааст, окилтагюпш накунад, ва ҳеҷ яке аз шумо дар пеши дигаре бо худ наболад.7Зеро кист, ки туро бартарӣ додааст? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ? Ва агар гирифта бошӣ, чаро фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифта бошӣ?8Шумо аллакай сер шудаед, аллакай сарватдор шудаед ва бе мо салтанат меронед. Кошки салтанат мерондед, то ки мо низ бо шумо салтанат ронем!9Зеро гумон мекукам, ки Худо мо, ҳаввориёнро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштагон ва ҳам барои одамон, ба тамошогоҳе мубаддал шудаем.10Мо ба хотири Масеҳ ҷоҳил ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ ҳаким ҳастед; мо нотавон, лекин шумо тавоно; шумо соҳиби ҷалолат, лекин мо дар залолат.11То ҳамин соат гурусна ва ташна, бараҳна ва шаллоқхӯр ва сарсону саргардон ҳастем,12Ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем;13Ба мо бӯҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем; мо мисли хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем.14Ин суханонро на аз барои он навиштаам, ки шуморо хиҷил кунам, балки шуморо чун фарзандони маҳбуби худ насиҳат медиҳам.15Зеро, агарчи шумо ҳазорон носеҳон дар Масеҳ доред, лекин падарони бисьёр надоред: ман шуморо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ба дуньё овардаам.16Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман тақлид намоед, чунон ки ман ба Масеҳ тақлид менамоям.17Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.18Баъзе касон мағрур шудаанд, ба гумони он ки ман назди шумо намеоям;19Аммо ба қарибй, агар Худованд бихоҳад, назди шумо хоҳам омад, ва на сухани мағруронро, балки куввати онҳоро хоҳам донист,20Зеро ки Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст.21Чиро афзал медонед? Оё бо таёқназди шумо биёям, ё ки бо муҳаббат ва рӯҳи мулоимат?