1ВА ман, эй бародарон, натавонистам бо шумо, ҳамчун касони рӯҳонӣ, сухан ронам, балки ҳамчун касони ҷисмонӣ, ё кӯдакон дар Масеҳ.2Ва шуморо шир хӯрондам, на ғизои саҳт, зеро ки шумо ҳанӯз омодагӣ барои он надоштед ва ҳоло низ надоред,3Чунки шумо ҳанӯз ҷисмонӣ ҳастед. Зеро, модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилофот ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?4Зеро, вақте ки яке: "Ман аз они Павлус ҳастам" ва дигаре: "Ман аз они Апӯллӯс" мегӯяд, - оё шумо ҷисмонӣ нестед?5Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.6Ман кишт кардам, Аиӯллӯс об дод, лекин Худо сабзонид;7Бинобар ки на кишткунанда аҳамияте дорад, на обдиҳанда, балки Худои сабзонанда.8Кишткунанда ва обдиҳанда баробаранд, лекин ҳар яке музди худро мувофиқи меҳнати худ хоҳад гирифт.9Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.10Аз рӯи файзи Худо, ки ба ман ато шудааст, ман, чун меъмори доно, таҳкурсй ниҳодам, ва дигаре бар он иморат месозад; лекин ҳар кас бохабар бошад, ки чӣ гуна месозад.11Зеро ҳеҷ кас таҳкурсии дигаре ниҳода наметавонад, ҷуз он ки ниҳода шудааст, ки он Исои Масеҳ аст.12Ва агар касе бар ин таҳкурсӣ иморате аз тилло, нуқра, ҷавоҳирот, ё чӯб, хасбеда, пахол бино кунад, -13Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад Дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.14Агар амали касе ки бар он сохтааст, пойдор бимонад, вай музд хоҳад гирифт;15Ва агар амали касе бисӯзад, вай зиён хоҳад дид; валекин худаш наҷот хоҳад ёфт, аммо тавре ки гӯё аз даруни оташ гузашта бошад.16Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст?17Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонаваярон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.18Зинҳор касе худро фирефта накунад: агар касе аз шумо худро дар ин ҷаҳон ҳаким медониста бошад, бигзор ҷоҳил шавад, то ки ҳаким гардад.19Зеро ки ҳикмати ин ҷаҳон пеши Худо ҷаҳолат аст, чунон ки навишта шудааст: "Ҳакимонро ба макри худашон гирифтор мекунад".20Ва боз: "Худованд афкори ҳакимонро медонад, ки ботил аст".21Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост:22Хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда - ҳамааш аз они шумост;23Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ - аз они Худо.