Tajik

1 Corinthians

2

1ВА ҳангоме ки ман, эй бародарон, назди шумо омадам, на бо фазилати калом ё ҳикмат омадам, то шаҳодати Худоро ба шумо эълон намоям,2Зеро ман қарор додам, ки дар миёни шумо, ба чуз Исои Масеҳ, он ҳам Исои Масеҳи маслубшуда, чизе надонам;3Ва ман дар заъф ва дар тарсу ларзи бузурге назди шумо будам,4Ва калому мавъизаи ман на дар суханони исботкоронаи ҳикмати инсон, балки дар зуҳури рӯҳ ва қувват буд,5То ки имони шумо на бар ҳикмати инсон, балки бар қуввати Худо қарор ебад.6Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,7Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст,8Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.9Аммо, чунон ки навишта шудааст: "Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст".10Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.11Зеро кист аз одамон, ки ботини инсонро бидонад, ба ҷуз рӯҳи инсон, ки дар ӯст? Ҳамчунин он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо.12Лекин мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем,13Ва инро на бо суханоне ки ҳикмати инсон таълим додааст, балки бо суханоне ки Рӯҳулқудс таълим додааст, мегӯем ва рӯҳиётро бар тибқи рӯҳ таъбир мекунем.14Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад.15Лекин одами рӯҳонӣ дар бораи ҳама чиз ҳукм мекунад, вале касе наметавонад дар бораи ӯ дуруст ҳукм кунад.16Зеро кист, ки фикри Худовандро дониста бошад, то ки Ӯро таълим диҳад? Лекин мо фикри Масеҳро дорем.