1ДАР паи муҳаббат бошед; иштиёкманди бахшоишҳои рӯҳонӣ, аллалхусус нубувват бошед.2Зеро касе ки ба забоне сухан меронад, вай на ба одамон, балки ба Худо сухан меронад, чунки ҳеҷ кас намефаҳмад: вай бар тибқи рӯҳ асрорро ба забон меоварад;3Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон баронобод кардан ва насиҳату тассаллй додан сухан меронад.4Касе ки ба забоне сухан меронад, вай худашро обод мекунад; аммо касе ки нубувват мекунад, вай калисоро обод мекунад.5Мехоҳам, Ки ҳамаатон ба забонҳо сухан ронед; лекин беҳтар аст, ки нубувват кунед, зеро касе ки нубувват мекунад, бузургтар аст аз касе ки ба забонҳо сухан меронад, магар ки вай дар айни ҳол маънидод ҳам кунад, то калисо обод шавад.6Ва акнун, эй бародарон, агар назди шумо биёям ва ба забопҳо сухан ронам, чӣ нафъе ба шумо мерасонам, магар ин ки бо ваҳйе, ё донише, ё нубуввате, ё таълиме ба шумо сухан рокам?7Аммо агар асбоби беҷони садодиҳанда, наи е чанг, садоҳои аз ҳам ҷудо набарорад, кас чӣ тавр мефаҳмад, ки бо най ё чанг чӣ оҳанге менавозанд?8Ва агар карнай садои номуаӣяне барорад, кӣ ба ҳарбу зарб омода мешавад?9Ҳамчунин агар шумо суханони норавшане ба забон ронед, чй тавр мефаҳманд, ки шумо чӣ мегӯед? Шумо ба ҳаво сухан хоҳед ронд.10Масалан, дар дуньё чӣ қадар калимаҳои гуногун ҳаст, ва ҳеҷ яке аз онҳо бе маъно несг;11Аммо, агар ман маънои калимаҳоро надонам, ман барои гӯянда аҷнабӣ ҳастам, ва гӯянда барои ман аҷнабист.12Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонй ҳастед, саъю кӯшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед.13Бинобар ин касе ки ба забоне сухан меронад, бигзор дар бораи тафсири он тақозо кунад.14Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин ақлам бе самар мемонад.15Пас чӣ бояд кард? Бо рӯҳ дуо хоҳам гуфт, бо ақл низ дуо хоҳам гуфт; бо рӯҳ суруд хоҳам хонд, бо ақл низ суруд хоҳам хонд.16Зеро, агар ту бо рӯҳ баракат Диҳӣ, бехабаре ки дар он ҷо истода бошад, дар вақти шукргузории ту чӣ тавр "омин" гӯяд? Зеро ӯ он чиро, ки ту мегӯй, намефаҳмад.17Ту нағз шукргузорй мекунй, лекин каси дигар обод намешавад.18Худоямро шукр мегӯям, ки ман бештар аз ҳамаи шумо ба забонҳо сухан меронам;19Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям.20Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед.21Дар Таврот навишта шудааст: "Бо забонҳои дигар ва лабҳои дигар ба ин қавм сухан ҳоҳам ронд, лекин дар он вақт ҳам Маро нахоҳанд шунид, мегӯяд Худованд".22Пас забонҳо аломат аст на барои имондорон, балки барои беимонон; аммо нубувват на барои беимонон, балки барои имондорон аст.23Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронанд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, - оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед?24Аммо вақте ки ҳама нубувват мекунанд, ва каси беимоне ё бехабаре медарояд, вай ба воситаи ҳама маҳкум мешавад, ба воситаи ҳама доварӣ карда мешавад,25Ва асрори дилаш ошкор мегардад; бинобар ин ӯ рӯй ба замин нихода, ба Худо саҷда мекунаду мегӯяд. "Ҳақиқатан Худо бо шумост".26Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, е ваҳйе, ё тафсире дорад, - бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.27Агар касе ба забоне сухан меронда бошад, ду нафар, ё бисьёраш се нафар, он ҳам ҷудоҷудо, сухан ронед, ва касе тафсир кунад.28Ва агар тафсиркунанда набошад, бигзор соҳиби сухан дар калисо хомӯш монад, ё ба худаш ва ба Худо сухан гӯяд.29Ва аз анбиё бигзор ду ё се нафар сухан ронанд, ва дигарон муҳокима кунанд;30Аммо агар ба каси дигаре аз нишастагон ваҳй ояд, бигзор аввалин хомӯш шавад.31Зеро ҳама паи ҳам метавонед нубувват кунед, то ки ҳалта таълим гиранд ва ҳама тасаллӣ ёбанд.32Ва арвоҳи анбиё ба фармони анбиё мебошанд,33Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист. Дар ҳамаи калксоҳои муқаддасон ҳамин тавр аст.34Бигзор занони шумо дар калисоҳо хомӯщ бошанд; зеро ҷоиз нест, ки сухан ронанд, балки бояд мутеъ бошанд, чунон ки Таврот низ мегӯяд.35Лекин агар онҳо хоҳанд чизе ёд гиранд, бигзор дар хона аз шавҳари худ бипурсанд; зеро ки дар калисо сухан рондани зан аз рӯи одоб нест.36Магар каломи Худо аз шумо баромадааст? Ё ки он танҳо ба шумо расидааст?37Агар касе худро набй ё рӯҳонӣ ҳисоб кунад, вай бигзор бифаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст;38Ва агар касе нафаҳмад, бигзор нафаҳмад.39Хуллас, эй бародарон, ищтиёқманди он бощед, ки нубувват кунед, ва ба забонҳо сухан ронданро манъ накунед;40Лекин ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд.