Tajik

1 Corinthians

15

1ВА ман, эй бародарон, ба шумо Инҷилро хотиррасон мекунам, ки онро ба шумо башорат додаам, ва шумо онро қабул кардаед, ва дар он устувор ҳастед,2Ва дар он наҷот меёбед, ба шарте ки он чиро, ки ба шумо башорат додаам, риоя кунед, ба щарте ки имонатон бар абас набощад.3Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гунохҳои мо мурд,4Ва Ӯ дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳьё шуд,5Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд;6Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд;7Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд;8Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли хоме будам, зоҳир зуд.9Зеро ки ман хурдтарини ҳаввориёнам, ва сазовори он нестам, ки ҳавворӣ номида шавам, чунки калисои Худоро таъқиб мекардам.10Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.11Хуллас, хоҳ ман ва хоҳ онҳо, ҳамин тавр мавъиза мекунем, ва шумо ҳамин тавр имон оеардед.12Лекин агар дар бораи Масеҳ мавъиза карда мешавад, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, пас чӣ тавр баъзе аз шумо мегуянд, ки эҳьёи мурдагон нест?13Агар эҳьёи мурдагон набошад, Масеҳ низ эҳьё нашудааст;14Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, мавъизаи мо низ бар абас аст, имони шумо низ бар абас аст.15Дар айни ҳол мо низ шоҳидони козибе дар ҳаққи Худо мебудем, чунки дар ҳаққи Худо шаҳодат медодем, ки Ӯ Масеҳро эҳьё кардааст, ва ҳол он ки, агар ҳақиқатан мурдагон эҳье нашаванд, Ӯро эҳьё накардааст;16Зеро, агар мурдагон эҳьё нашаванд, Масеҳ низ эҳьё нашудааст;17Ва агар Масеҳ эҳьё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст: шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед;18Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд.19Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем.20Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё нгуда, навбари мурдагон гардид.21Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьеи мурдагон низ ба воситаи инсон омад.22Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.23Хдр яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ.24Баъд охират фаромерасад,ки он вакт Ӯ Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад;25Зеро Ӯ бояд салтанаг ронад го даме ки ҳамаидушманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад.26Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст,27Чунки ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст; вақте ки мегӯянд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои Он аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст.28Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъкард,мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бощад.29Вагар на, онҳое ки барои мурдагон таъмид меёбанд, чй хоҳанд кард? Агар мурдагон мутлақо эҳьё намешуда бощанд, чаро барои мурдагон таъмид меёбанд?30Чаро мо низ ҳар соат ба мусибатҳо дучор мешавем?31Эй бародарон, қасам ёд мекунам, ки ман ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам ва дар Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо фахр дорам.32Вақте ки ман, ба таври инсонӣ, дар Эфсӯс бо ҳайвоноти дарранда ҷанг кардам, ба ман чӣ нафъ, агар мурдагон эҳьё намешуда бошанд? Дар он сурат бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо ҳоҳем мурд!33Фирефта нащавед: "Ёрони бад ахлоқи некро фосид мекунанд".34Ба таври бояду шояд ҳушьёр щавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.35Лекин касе мегӯяд: "Мурдагон чй гуна эҳьё мешаванд? Ва дар чӣ гуна ҷисм меоянд?"36Эй беақл! Он чи ту мекорй, агар намирад, зинда намешавад;37Ва ҳангоме ки ту мекорӣ, на ҷисми ояндаро мекорӣ, балки донаи урьёни гандум ё ягон гиёҳи дигарро;38Лекин Худо ба он, аз рӯи хости Худ, ҷисм медиҳад, ва ба ҳар як тухм ҷисми ба он хосе.39На ҳар гуна гӯшт айни ҳамон гӯшт аст, балки гӯшти одамон дигар аст, гӯшти чорпоён - дигар, гӯшти моҳиён - дигар, гӯшти мурғон - дигар.40Ҷисмҳои осмонӣ ва ҷисмҳои заминӣ ҳаст, лекин ҷалоли ҷисмҳои осмони дигар аст, ҷалоли ҷксмҳои заминӣ - Дигар;41Ҷалоли офтоб - Дигар, ҷалоли моҳ - дигар, ҷалоли ситораҳо - дигар; ва ситора аз ситора дар ҷалолаш фарқ дорад.42Дар эҳьёи мурдагон низ ҳамин тавр аст: дар фано кошта мешавад, дар бефаноӣ бармехезад;43Дар зиллат кошта мешавад, дар ҷалол бармехезад; дар заъф кошта мешавад, дар қувват бармехезад;44Ҷисми нафсонӣ кошта мешавад, ҷисми рӯҳонй бармехезад. Ҷисми нафсонӣ ҳаст, ҷисми рӯҳонӣ низ ҳаст.45Чунин навишта шудааст: "Одами аввалин, яъне Одам, ҷони зинда гашт". Одами охирин рӯҳи ҳаётбахш аст.46Лекин рӯҳонӣ пештар нест, балки нафсонӣ ва баъд рӯҳонӣ.47Одами якум аз замин аст, яъне хокист; одами дуюм Худованд аст аз осмон.48Хокӣ чй гунае ки бошад, хокиён ҳамон гунаанд; осмонӣ чӣ гунае ки бошад, осмониён ҳамон гунаанд;49Ва чӣ гунае ки мо сурати одами хокиро ба худ гирифтаем, сурати одами осмониро низ ба худ хоҳем гирифт.50Лекин, эй бародарон, ҳаминро ба шумо мегӯям, ки гӯшт ва хун наметавонанд вориси Малакути Худо шаванд, ва фано вориси бефаноӣ намешавад.51Ба шумо сирре мегӯям: ҳамаи мо наҳоҳем мурд, балки ҳама тағьир хоҳем ёфт,52Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳьё хоҳанд шуд, ва мо тагьир хоҳем ёфт,53Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, - либоси ҷовидӣ бинӯшад.54Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипӯшад, ва ин миранда либоси ҷовидӣ бипӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: "Ғалаба маргро фурӯ бурд".55"Эй марг! Неши ту куҷост?Эй дӯзах! Ғалабаи ту куҷост?"56Неши марг гуноҳ аст, ва куввати гуноҳ шариат аст.57Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст!58Хуллас, эй бародаротш маҳбуби ман, матину устувор бошед, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал иамоед, ва бидонед, ки меҳнати шумо пеши Худованд бар абас нест.