1ДАР бобати ҷамъ кардани ионат барои муқаддасон шумо ончуион рафтор кунед, чуноп ки ман ба калисоҳои Ғалотия дастур додаам:2Дар рӯзи якуми ҳафта бигзор ҳар яке аз шумо, мувофиқи даромадаш, назди худ пасандоз карда нигоҳ дорад, то ки дар вақти омаданам ба ҷамъ кардан хоҷат наафтад.3Ва ҳангоме ки биёям, онҳоеро, ки шумо муносиб донед, бо мактубҳо хоҳам фиристод, то ки хайроти шуморо ба Ерусалим бибаранд.4Ва агар рафтани ман ҳам салоҳ дониста щавад, онҳо ҳамроҳи ман хоҳағд рафт.5Пас аз он ки аз Мақдуния бигзарам, назди шумо хоҳам омад, зеро аз Мақдуния хоҳам гузашт.6Лекин эҳтимол дорад, ки муддате назди игумо бошам ё ҳатто зимистонро гузаронам, то ба ҳар ҷое ки равам, шумо маро гусел намоед.7Зеро намехоҳам, ки бо шумо ҳоло фақат дар сари роҳ дидорбинӣ кунам, балки умедворам, ки агар Худованд изн диҳад, якчанд вақт назди шумо бимонам.8Аммо то иди нантикост ман дар Эфсӯс хоҳам монд,9Зеро ки дарвозаи бузургу фарохе барои ман кушода аст, ва мухолифон бисьёранд.10Агар Тимотиюс ояд, бохабар бошед, ки ӯ назди шумо аз хатар эмин бошад, зеро ки ӯ кори Худовандро ба ҷо меоварад, чунон ки ман низ;11Бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ беэътиноӣ накунад, балки ӯро ба саломатй гусел кунед, то ки назди ман биёяд, зеро ки ӯро бо бародарон мунтазирам.12Дар ҳусуси бародари мо Апӯллӯс бошад, ман аз ӯ бисьёр хоҳиш кардам, ки бо бародарон назди шумо биёяд, вале ӯ ҳеҷ розигй иадод, ки алҳол биёяд, балки ҳар гоҳ фурсат ёбад, хоҳад омад.13Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;14Бигзор ҳамаи корҳои шумо бо муҳаббат ба ҷо оварда шавад.15Аз шумо, эй бародарон, илтимосе дорам: шумо хонаводаи Истефанусро мешиносед, ки навбари Охоия ҳастаид ва худро ба хизмати муқаддасон супурдаакд;16Шумо низ нисбат ба ин гуна шахсон ва нисбат ба ҳар касе ки ба онҳо кӯмак мерасонад ва меҳнат мекунад, эҳтиромкор бошед.17Аз омадани Истефанус, Фортунатус ва Охойқӯс хурсандам: онҳо камии шуморо барои ман пур карданд,18Зеро ки рӯҳи ману шуморо ором карданд. Чунин одамонро иззату ҳурмат кунед.19Калисоҳои вилояти Осиё ба шумо салом мерасонанд; Акило ва Прискила бо калисое ки дар хонаи онҳост, ба шумо саломи бисьёре дар Худованд мерасонанд.20Ҳамаи бародарон ба шумо салом мерасонанд. Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед.21Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам.22Ҳар кй Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното.23Файзи Исои Масеҳи Худованд бо шумо бод,24Ва муҳаббати ман бо ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ бод. Омин.