Tajik

1 Peter

3

1ХАМЧӮНИН шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд,2Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.3Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирй: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан,4Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,5ЧуНон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд ва мутеи шавҳарони худ буданд,6Ба монанди Соро, ки ба Иброҳим итоат намуда, ӯро оғо меномид; шумо фарзандони вай ҳастед, модоме ки некӣ мекунед ва аз ҳеҷ тарсе музтариб намешавед.7Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.8Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед;9Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.10Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез,11Аз бадӣ дур шавад ва некӣ кунад, талабгори осоиштагй шавад ва дар паи он бошад,12Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯщҳои Ӯ - сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст.13Ва кист, ки ба шумо бадӣ кунад, агар шумо дар некӯкорӣ ғаюр бошед?14Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашавед.15Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанй ва эҳтиром ҷавоб диҳед:16Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамоянд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд.17Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад, Масеҳ бо уцубатҳои худ, ки бар салиб кашидааст, имондо ронро суи Худо меоварад.18Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид,19Ва дар рӯҳ Ӯ рафта, ба арвоҳе ки дар зиндон буданд, мавъиза намуд.20Онҳо пештар беитоат буданд, вақте ки Худо, дар айёми Нӯҳ, пурсаброна интизорӣ мекашид, ҳангоме ки киштӣ соҳта мешуд, ки дар он мардуми каме, яъне ҳашт нафар, аз об наҷот ёфтанд.21Ва тимсолион таъмид аст, кинашустани нопокии ҷисм, балки ба зимма гирифтани виҷдони пок аст ба ҳузури Худо, ки ҳоло моро низ ба воситаи эҳьёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад,22КиӮба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва кудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.