1ПАС, чӣ тавре ки Масеҳ барои мо ба ҳасби ҷисм укубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳ шавед; зеро касе ки ба ҳасби ҷисм укубат кашад, дигар гуноҳ намекунад,2То ки бокии умри ҷисмониро на аз руи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофики иродаи Худо ба сар барад.3Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.4Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;5Онҳо ба Худое ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисоб хоҳанд дод.6Зеро барои ҳамин ба мурдагон низ башорат дода шудааст, то ки онҳо ба ҳасби ҷисм ба тарики одамизод ба доварӣ дучор гардида, вале ба ҳасби рӯҳ ба тариқи Худо зиндагй кунанд.7Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.8Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиедро рӯпӯш мекунад;9Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед;10Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.11Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи куввате ки Худо ба вай медиҳад, ҳизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.12Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад,13Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.14Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорй медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.15Бигзор ҳеҷ яке аз шумо ҳамчун қотил, е дузд, ё бадкирдор, ё фузул уқубат накашад;16Аммо агар касе ҳамчун масеҳй уқубат кашад, бигзор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад.17Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?18Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд?19Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.