Tajik

1 Peter

5

1АЗ пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:2Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрй, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,3Ва на ҳамчун касоне ки бар мероси Худо ҳукмронӣ мекунанд, балки ба рама намунаи ибрат нишон диҳед, -4Ва ҳангоме ки Сарвари чӯпонон зоҳир шавад, шумо тоҷи ҷалолро, ки пажмурда намешавад, хоҳед ёфт.5Хдмчунин шумо, эй ҷавонон, ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.6Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;7Хдмаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.8Хушьёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад;9Ба вай бо имони қавӣ муқобилат кунед, чун медонед, ки ин гуна уқубатҳо ба сари бародарони шумо низ, ки дар сар то сари ҷаҳон ҳастанд, меояд.10Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.11Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.12Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба пгумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.13Калисое ки дар Бобил аст ва мисли шумо интихоб шудааст, ба шумо салом мерасонад, ҳамчунин писарам Марқӯс.14Ба якдигар бо бӯсаи муҳаббат салом гӯед. Бар ҳамаи шумо, ки,дар Исои Масеҳ ҳастед, осоиштагӣ бод. Омин.