Tajik

2 Peter

1

1ШИМЪӮНИ Петрус, ки банда ва ҳаввории Исои Масеҳ аст, ба онҳое ки имони гаронбаҳоро мисли имони мо дар адолати Худои мо ва Исои Масеҳи Наҷотдиҳанда қабул кардаанд:2Файз ва осоинхгагӣ дар ышнохтани Худо ва Исои Худованди мо бар шумо фаровон бод.3Азбаски куввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва ларҳезгорй зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи щинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст,4Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода щудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед, -5Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ - хирадмандиро,6Ба хирадмандӣ - порсоиро, ба порсоӣ - тоқатро, ба тоқат - парҳезгориро,7Ба парҳезгорӣ - бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ - муҳаббатро.8Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, щумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд,9Вале дар ҳар кй ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд.10Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамии тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд,11Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд.12Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед.13Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам,14Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст.15Ва саъю кӯшищ хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред.16Зеро, ҳангоме ки мо кувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем.17Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: "Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст".18Ва ин овозро, ки аз осмон омада расид, мо шунидем, ҳангоме ки бо Ӯ дар кӯҳи муқаддас будем.19Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;20Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад;21Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулкудс, онро ба забон рондаанд.