Tajik

2 Peter

2

1АММО дар миёни қавм анбиёи козиб низ буданд, чунон ки дар миёни шумо ҳам муаллимоки козиб хоҳанд буд, ки бидъатҳои ҳалокатоварро ҷорӣ хоҳанд кард ва Худовандеро, ки барои онҳо фидия дод, инкор намуда, ба зудӣ ба сари худ ҳалокат хоҳанд овард.2Ва бисьёр касон фиску фуҷури онҳоро пайравӣ хоҳанд кард, ва ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир ҳоҳад шуд.3Ва аз рӯи тамаъкорй бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.4Зеро, модоме ки Худо ба фариштаҳои гуноҳкор амон надод, балки оиҳоро дар ҷаҳаннам андохта, ба мағораҳои зулмот супурд, то ки барои доварӣ дар қайду банд нигоҳ дошта шаванд;5Ва ба дуньёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолаг буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён тӯфон овард;6Ва шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ба ҳалокат маҳкум намуд ва, ҳамчун тимсоле барои осиёни оянда, ба хокистар табдил дод,7Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, -8Зеро ки он одил дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корхои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд, -9Пас Худованд медонад, ки чӣ гуна парҳезгоронро аз озмоиш раҳо кунад ва шариронро барои ҷазо то рӯзи доварӣ дар қайду банд нигоҳ дорад,10Алалхусус онҳоеро, ки аз паи ҳавасҳои кабеҳи ҷисм мераванд, ва аз сарварон нафрат доранд, ва густохй ва худсарй мекунанд ва аз бадгӯӣ дар ҳаққи мақомҳои осмонӣ наметарсанд,11Дар сурате ки ҳатто фариштагон, ки дар қудрат ва қувват аз онҳо бартарӣ доранд, ба ҳузури Худованд дар ҳаққи онҳо ҳукми мазамматкунандае ба забон намеронанд.12Аммо онҳо ҳамчун ҳайвоноти безабоне ки табиатан барои шикор ва талаф гаваллуд ёфтаанд, ба он чи намефаҳманд, бӯҳтон мезананд, ва онҳо дар фасоди худ талаф хоҳанд шуд,13Ва подонш шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои ҳуд лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд.14Чашмони онҳо пур аз зино ва гуноҳи доимист; онҳо ҷонҳои ноустуворро ба дом медароваранд; дили онҳо ба тамаъкорӣ омӯхта шудааст; онҳо фарзандони лаънат ҳастанд.15Онҳо роҳи ростро тарк карда, гумроҳ шудаанд ва аз паи Билъом ибни Баӯр рафтаанд, ки вай музди ноҳақро дӯст медошт.16Аммо дар шарорати худ мазаммат карда шуд: модахари безабон бо овози одамӣ сухан ронда, девонагии набиро боздошт.17Онҳо чашмаҳои беоб ва абрҳое ҳастанд, ки бо тундбод ронда мешаванд: барои онхо зулмоти торикии абадӣ муҳайё шудааст.18Зеро ки суханони беҳудаи дабдабаноке гуфта, онҳоеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, ба доми ҳавасҳои ҷисм, ба доми фисқу фуҷур медароваранд;19Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар сурате ки худашон ғуломони фасод ҳастанд; зеро ҳар кӣ касеро мағлуб карда бошад, ҳамон кас ғуломи ӯст.20Зеро, агар ба василаи шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ аз қабоҳатҳои дуньё халосӣ ёфта, аз нав ба доми онҳо афтода мағлуб мешуда бошанд, анҷоми онҳо бадтар аз аввалашон мешавад.21Барои онҳо надонистани роҳи адолат беҳтар мебуд аз он ки, баъд аз донистани он, аз ҳукми муқаддасе ки ба оиҳо супурда шулааст, рӯй гардонанд.22Ба онҳо ҳамон чизе рӯй додааст, ки дар ин зарбулмасали дуруст гуфта мешавад: "Саг ба қаи худ баргашт", ва: "Хук баъд аз шустушӯй рафт, ки дар лой ғел занад".