1ИН номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам,2То шумо ба ҳотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд.3Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,4Хоҳанд гуфт: "Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст".5Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд:6Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.7Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд.8Аммо ҳамин як чиз аз шумо, эй маҳбубон, набояд пӯшида бошад, ки дар назари Худованд як рӯз мисли ҳазор сол аст, ва ҳазор сол мисли як рӯз.9Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд щавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.10Валекин рӯзи Худованд, чунон ки дузд дар шаб, ҳохад омад, ва он гоҳ осмон бо ғулғулае хоҳад даргузашт, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт, ва замин ва тамоми аъмоле ки дар он аст, хоҳад сӯхт.11Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,12Дар ҳолате ки омадани рӯзи Худоро орзу доред ва мешитобонед, ки дар он рӯз осмон аланга гирифта несту нобуд хоҳад шуд, ва аносир оташ гирифта, хоҳанд гудохт?13Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд.14Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорй доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед;15Ва пурсабрии Худованди моро наҷот ҳисоб кунед, чунон ки бародари маҳбуби мо Павлус низ, аз рӯи ҳикмате ки ба ӯ ато шудааст, ба шумо навиштааст,16Ва ҳамчунин дар ҳамаи номаҳои худ ӯ дар ин бора сухан меронад, ки дар онҳо кадом як чизи душворфаҳме ҳаст, ки онро нодонон ва ноустуворон мисли Навиштаҳои дигар ғалат таъбир менамоянд, ва анҷоми ин кор барои онҳо ҳалокат меоварад.17Пас пгумо, ЭЙ маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед,18Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.