Tajik

1 John

1

1ДАР бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони ҳуд дидаем ва мурокиба намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт, -2Зеро ки ҳаёт зоҳир шуд, ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем ва ба шумо аз ҳаёти човидоние хабар медиҳем, ки бо Падар буд ва ба мо зоҳир шуд, -3Дар бораи он чи мо дидаем ва шунидаем, ба шумо ҳабар медиҳем, то ки шумо низ бо мо мушоракат дошта бошед; валекин мушоракати мо бо Падар ва бо Писари Ӯ Исои Масеҳ аст.4Ва инро мо ба шумо менависем, то ки шодии шумо комил бошад.5Ва ин аст паёме ки мо аз Ӯ шунидаем ва ба шумо ҳабар медиҳем: Худо нур аст, ва дар Ӯ ҳеҷ зулмоте нест.6Агар мо гӯем, ки бо Ӯ мушоракат дорем, вале дар зулмот мегардем, мо дурӯғ мегӯем ва бар тибки ростӣ рафтор намекунем;7Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.8Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, - худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест.9Агар мо гуноҳҳои худро зътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофй пок намояд.10Агар гӯем, ки мо гуноҳе накардаем, Ӯро дурӯғгӯй месозем, ва каломи Ӯ дар мо нест.