Tajik

1 John

2

1ЭЙ фарзандонам! Инро ба шумо менависам, то ки шумо гуноҳ накунед■ ва агар касе гуноҳ кунад, мо ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст.2Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо, ва на танҳо барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон низ.3Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем.4Касе ки гӯяд: "Ман Ӯро мешиносам", аммо аҳкоми Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростй нест.5Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.6Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вая бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.7Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимй каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.8Лекин дар айни ҳол ба шумо ҳукми тозае менависам, ки ростии он ҳам дар Ӯст ва ҳам дар шумост, чунки зулмот гузарон аст, ва акнун нури ҳақиқй медурахшад.9Ҳар кй гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари ҳуд нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст.10Касе ки бародари ҳудро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест.11Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст.12Ба шумо, эй фарзандон, менависам, чунки гуноҳҳои шумо ба хотири исми Ӯ омурзида шудааст.13Ба шумо, эй падарон, менависам, чунки шумо Ӯро, ки аз ибтидост, шикохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, менависам, чунки шумо кблисро мағлуб кардаед. Ба шумо, эй бачагон, менавксам, чунки шумо Падарро шикохтаед.14Ба шумо, эй падарон, навиштаам, чунки пгумо Ӯро, ки аз кбтидост, шинохтаед. Ба шумо, эй ҷавонон, навиштаам, чунки шумо пурзӯр ҳастед, ва каломи Худо дар шумо сокин аст, ва шумо иблисро мағлуб кардаед.15Чаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест;16Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ - аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст.17Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.18Эй фарзандон! Соати охирин аст, ва чунон ки шунидаед, зиддимасеҳ меояд, ва ҳоло зиддимасеҳони зиёде пайдо шудаакд; аз ин рӯ медонем, ки соати охирин аст.19Онҳо аз мо берун омадаанд, аммо аз они мо набуданд; зеро, агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд.20Валекин щумо аз ҷониби Қуддус тадҳин ёфтаед ва ҳамаи шумо гостиро медонед.21Ман ба шумо на аз он сабаб навиштаам, ки ростиро намедонкста бошед, балки аз он сабаб, ки шумо онро медонед, ҳамчунин инро, ки ҳеҷ дурӯғ аз ростй нест.22Кист дурӯғгӯ, ғайр аз касе ки Масеҳ будани Исоро инкор мекунад? Вай зиддимасеҳ аст, ки Падар ва Писарро инкор мекунад.23Ҳар кӣ Писарро инкор мекукад, Падарро низ надорад; ҳар кӣ Писарро эътироф мекунад, Падарро низ дорад.24Пас, он чи шумо аз ибтидо шунидаед, бигзор дар щумо бимонад; агар он чи аз ибтидо шунидаед, дар шумо бимонад, шумо низ дар Писар ва дар Падар хоҳед монд.25Ва он ваъдае ки Ӯ ба мо додааст, ҳаёти ҷовидонист.26Инро ба шумо дар бораи онҳое навиштаам, ки шуморо гумроҳ мекунанд.27Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.28Пас, эй фарзандон, дар Ӯ бимонед, то ки ҳашоми зоҳир шудани Ӯ мо чуръат дошта бошем ва ба ҳузури Ӯ дар вакти омадани Ӯ хиҷил нашавем.29Агар донистаед, ки Ӯ одил аст, пас бидонед, ки ҳар кӣ адолатро ба амал меоварад, аз Ӯ таваллуд ёфтааст.