1БӮБИНЕД, ки Падар ба мо чй гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем, ва чунин ҳастем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Ӯро нашинохтааст.2Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.3Ва ҳар кӣ аз Ӯ чунин умед дорад, худро пок менамояд, чунон ки Ӯ пок аст.4Ҳар кӣ гуноҳ мекунад, шариатро мешиканад, ва гуноҳ шикастани шариат аст.5Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.6Ҳар кй дар Ӯ бимонад, гуноҳ намекунад; ҳар кй гуноҳ мекунад, Ӯро надидааст ва Ӯро нашинохтааст.7Эй фарзандон! Бигзор шуморо ҳеҷ кас фирефта накунад. Касе ки адолатро ба амал меоварад, вай одил аст, чунон ки Ӯ одил аст.8Касе ки гуноҳмекунад, вай аз иблис аст, чункииблис аз ибтидо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин ҳам Писари Худо зоҳир шуд, ки аъмоли иблисро вайрон кунад.9Ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, чунки зоти Ӯ дар вай сокин аст; вай гуноҳ намекунад, чунки аз Худо таваллуд ёфтааст.10Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.11Зеро паёме ки шумо аз ибтидо шунидаед, чунин аст, ки мо бояд якдитарро дӯст дорем,12На ҳамчун Қобил, ки аз иблис буд ва бародари худро кушт. Ва аз барои чӣ вайро кушт? Аз барои он ки аъмоли худащ бад буд, вале аъмоли бародараш - одилона.13Ҳайрон нашавед, эй бародаронам, агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад.14Мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштаем, чунки бародаронро дӯст медорем; касе ки бародарашро дӯст намедорад, ҳанӯз дар марг сокин аст.15Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад.16Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.17Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷй дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, - чй гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?18Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем.19Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард,20Дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад.21Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад,мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем,22Ба ҳар чӣ талаб кунем, азӮмеёбем,чунки аҳкомиӮро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.23Ва ҳукми Ӯ ин аст, ки мо ба исми Писари Ӯ Исои Масеҳ имон оварем ва якдигарро дӯст дорем, чунон ки Ӯ ба мо ҳукм кардааст.24Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.