1ЭЙ маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ зътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё рафтаанд.2Рӯҳи Худоро шумо ин тавр хоҳед шиноҳт: ҳар рӯҳе ки зътироф кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худост,3Ва ҳар рӯҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.4Шумо, эй фарзандон, аз Худо ҳастед, ва онҳоро маглуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст.5Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дуньёӣ сухан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад.6Мо аз Худо ҳастем: ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад; касе ки аз Худо нест, ба мо гӯш намедиҳад. Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро мешиносем.7Эймаҳбубон! Якдигарро дӯст бидорем, чунки муҳаббат аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст ва Худоро мешиносад.8Касе ки дӯст намедорад, вай Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст.9Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем.10Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯсг доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод.11Эй маҳбубон! Агар Худоморо ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем.12Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст, ва муҳаббати Ӯ дар мо комил аст.13Ин ки мо дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, аз он мешиносем, ки Ӯ аз Рӯҳи Худ ба мо ато намудааст.14Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад.15Ҳар кӣ эътироф мекунад, ки Исо Писари Худост, Худо дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар Худо.16Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст,ваҳар кй дармуҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай.17Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст, ки мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат дорем, зеро, чунон ки Ӯ дар ин ҷаҳон ҳаст, ончунон мо ҳастем.18Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.19Мо Ӯро дӯст медорем, чунки аввалӮморо дӯст дошт.20Агар касе гӯяд, ки "ман Худоро дӯст медорам", вале аз бародари худ нафрат кунад, вай дурӯғгӯй аст; зеро касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст бидорад?21Ва мо аз Ӯчунин ҳукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст бидорад.