1ҲАР кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд ёфтааст, ва ҳар кй Волидродӯстмедорад,вай Мавлуди Ӯро низ дӯст медорад.2Аз ин мо медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва аҳкоми Ӯро риоят кунем.3Зеро муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкомиӮро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест,4Зеро ҳар кй аз Худо таваллуд ёфтааст, ҷаҳонро мағлуб мекунад; ва ин ғалабае ки ҷаҳонро мағлуб кардааст, имони мост.5Кист, ки ҷаҳонро мағлуб мекунад, ҷуз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост?6Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун ва Рӯҳ омадааст, на танҳо бо об, балки бо об ва хун; ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ростист.7Зеро се ҳастанд, ки дар осмон шаҳодат медиҳанд: Падар, Калом ва Рӯҳулкудс; ва Ин се як ҳастанд.8Ва се ҳастанд, ки дар замин шаҳодат медиҳанд: рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд.9Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст, зеро ин шаҳодати Худост, ки Ӯ дар бораи Писари Худ шаҳодат додааст.10Касе ки ба Писари Худо имон дорад, дар худ шаҳодат дорад; касе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯ донистааст, зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад.11Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаети ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.12Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорац, ҳаёт надорад.13Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки пгумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред.14Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад;15Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем, мешунавад, онро низ медонем, ки он чи аз Ӯ талаб кардаем, меёбем.16Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш мамот нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо Ӯро ҳаёт хоҳад бахшид:. дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон мамот нест. Гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш мамот аст: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.17Ҳар ноинсофй гуноҳ аст, лекин гуноҳест, ки анҷомаш мамот нест.18Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад, балки Писари Худо варо муҳофизат мекунад, ва иблис ба вай даст намерасонад.19Мо медонем, ки мо аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон дар зери хукумати иблис аст.20Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то ки ҳакро Дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақикӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.21Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин.