1ПИР - ба хотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростй дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд,2Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд:3Файз, марҳамат ва осоиштагй аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростй ва муҳаббат бо шумо бод.4Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем.5Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем.6Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо пгунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед.7Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шахс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.8Аз худ боҳабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред.9Ҳар кй аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро.10Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ кабул накунед ва ба вай салом наДиҳед;11Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад.12Чиэи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳй бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад.13Фарзандони ҳоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.