Tajik

3 John

1

1ПИР - ба Ғоюси маҳбуб, ки ӯро ман дар ростй дӯст медорам.2Эй маҳбуб! Дуо мегӯям, ки ту саломат бошӣ ва дар ҳар чиз комьёб шавӣ, чунон ки ҷони ту комьёб аст.3Зеро ки ман бағоят хурсанд шудам, вақте ки бародарон омада, дар бораи ростии ту шаҳодат доданд, чунон ки ту дар ростӣ рафтор мекунӣ.4Барои ман хурсандии бештаре нест аз шунидани он ки фарзандони ман дар ростӣ рафтор мекунанд.5Эй маҳбуб! Дар ҳар коре ки барои бародарон, ҳатто барои гарибон мекунй, рафтори ту амин аст.6Онҳо ба ҳузури калисо дар бораи муҳаббати ту шаҳодат додаанд; ва ту рафтори хубе мекунӣ, агар онҳоро гусел намоӣ, чунон ки ба ҳузури Худо шоиста аст,7Зеро ки онҳо ба ҳотири исми Ӯ сафар кардаанд, дар ҳолате ки аз халқҳо кӯмак нагирифтаанд.8Пас мо бояд чунин касонро дастгирӣ намоем, то ки дар кори ростй шарик шавем.9Ман ба калисо навиштам, аммо Диютрифас, ки калониро дар миёни онҳо дӯст медорад, моро қабул намекунад.10Бинобар ин, агар биёям, корҳоеро, ки ӯ мекунад, ҳотирнишон хоҳам кард: ӯ дар ҳаққи мо суханони бад ба забон меронад, ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, худаш бародаронро қабул намекунад ва ба касоне ки мехоҳанд, монеъ мешавад ва аз калисо бадар меронад.11Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун,балки ба некӣ. Касе ки некй мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.12Дар бораи Димитриюс ҳама ва худи ростӣ низ ба некии ӯ шаҳодат додааст; мо ҳам шаҳодат медиҳем, ва шумо медонед, ки шаҳодати мо рост аст.13Чизи бисьёре доштам, ки бинависам, валекин намехоҳам ба ту бо сиёҳӣ ва қалам бинависам,14Балки умедворам, ки ба қарибй туро бубинам, ва даҳонакӣ гуфтугузор кунем.15Осоиштагӣ бар ту бод. Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ба дӯстон ном ба ном салом бирасон. Омин.