1ПАВЛӮС ва Силвонус ва Тимотиюс ба калисои Таслӯникӣ, ки дар Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд аст: файз ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.2Ҳамеша Худоро барои ҳамаи шумо шукргузорӣ намуда, дар дуоҳои худ шуморо зикр мекунем,3Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,4Чун медонем, ки шумо, эй бародарон ва эй маҳбубони Худо, баргузида шудаед;5Зеро ки башорати мо казди шумо на танҳо дар сухан, балки низ дар кувват ва дар Рӯхулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чй гуна будем.6Ва шумо таклидкунандагони мо ва Худованд гардида, каломро дар ранҷу заҳмати азим бо шодии Рӯҳулқудс қабул кардед,7Ба тавре ки барои ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.8Зеро ки аз шумо каломи Худованд на танҳо дар Мақдуния ва Охоия шунида шуд, балки имоне ки шумо ба Худо доред, дар ҳама ҷо овоза шуд, ба дараҷае ки моро ҳоҷат нест чизе бигӯем.9Зеро вакте ки худи онҳо дар бораи мо ҳикоят мекунанд, мегӯянд, ки чӣ гуна мо ба миёни шумо дохил шудем, ва чӣ гуна шумо аз бутҳо гашта ба Худо руҷӯъ намудед, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро бандагӣ кунед10Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосй медиҳад.