Tajik

Colossians

4

1ЭЙ оғоён, ба ғуломони худ он чи лозим аст ва он чи ҳақ доранд, бидиҳед, ва бидонед, ки шумо низ Огое дар осмон дореД.2Доимо бо дуо машгул буда, дар он бо шукргузорй бедор бошед;3Дар ҳакки мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандй ҳастам, баён намоем,4То ки ман онро ончунон зоҳир созам, чукон ки баён карданам лозим аст.5Фурсатро ганимат дониста, бо онҳое ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед.6Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чй гуна ҷавоб диҳед.7Аз тамоми саргузашти ман шуморо Тӯхиқӯс хабардор хоҳад кард. Ӯ бародари маҳбуб ва хизматгузори амин ва ҳамкори ман дар Худованд аст.8Ва ӯро маҳз барои он назди шумо фиристодам, ки аз аҳволи шумо хабар гирад ва дилҳои шуморо тасаллй диҳад,9Бо якҷоягии бародари амин ва маҳбуб Онисимус, ки аз байни шумост: онҳо шуморо аз ҳамаи корҳои ин ҷо хабардор хоҳанд кард.10Ористархус, ки ҳамроҳи ман дар ҳабс аст, ба шумо салом мерасонад, ва Марқӯс, ҷияни Барнаббо, - ки шумо дар бораи ӯ фармон гирифтаед: агар наздатон биёяд, ӯро пазирой кунед, -11Ҳамчунин Ешуа, ки лақабаш Юстус аст; ҳар ду аз махтунонанд, ва танҳо онҳо ҳамкоронанд барои Малакути Худо, ки сабаби тасаллои ман шудаанд.12Эпафрос ба шумо салом мерасонад, ки ӯ аз байни шумо ва бакдаи Исои Масеҳ аст, ва ҳамеша барои шумо дар дуоҳои худ ҷидду ҷахд менамояд, то ки шумо комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунед.13Ва ман дар бораи ӯ шаҳодат медиҳам, ки ӯ барои шумо ва барои онҳое ки дар Лудкия ва дар Хирапӯлис мебошанд, бисьёр меҳнат мекунад.14Луқос, табиби маҳбуб, ва Димос ба шумо салом мерасонанд.15Ба бародароне ки дар Лудкия мебошанд, ба Нумфос ва ба аҳли калисое ки дар хонаи ӯст, салом бирасонед.16Баъд аз он ки ин нома дар миёни шумо хонда шуд, коре кунед, ки он дар калисои Лудкия низ хонда шавад; ва номаеро, ки аз Лудкия аст, шумо низ бихонед.17Ба Архипус бигӯед: "Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ".18Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам. Занҷирҳои маро дар ҳотир дошта бошед. Файз бо шумо бод, омин.