1ПАС, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;2Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.3Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаети шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:4Вакте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.5Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед,6Ки барои онҳо ғазаби Худо бар писарони исьён меояд,7Ки шумо низ як вакте дар онҳо рафтор мекардед, ҳангоме ки дар миёни онҳо мезистед.8Аммо акнун шумо ҳамаи инҳоро: хашм, газаб, кина, бадгӯӣ ва алфози қабеҳи забонатонро тарк намоед;9Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед10Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад,11Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудй, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.12Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанй ва пурсабриро дар бар кунед,13Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед;14Ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст;15Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.16Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.17Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.18Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст.19Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед.20Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст.21Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд.22Эй ғуломон, ба оғоёне ки ба ҳасби ҷисм доред, дар ҳар бобат итоат намоед, на бо хизматгузории зоҳирӣ, ҳамчун одампарастон, балки бо соддадилй ва бо тарси Худо.23Ҳар он чи мекунед, аз ҷону дил ба ҷо оваред, мисли он ки барои Худованд бошад, на барои одамон,24Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд хизмат мекунед.25Ҳар кӣ ноинсофона рафтор мекунад, мувофиқи ноинсофии худ подош ҳоҳад гирифт: Ӯ рӯйбинӣ надорад.