1ЗЕРО мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд,2То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бғдонанд,3Ки дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст.4Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад;5Зеро, агарчи ҷксман ғокбам, рӯҳан бо шумо мебошам, ва саранҷоми хуби щумо ва матонати имони шуморо дар Масеҳ дида, шодӣ мекунам.6Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед,_ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед,7Ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳкам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед.8Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад.9Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст,10Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдоркст;11Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,12Ки бо Ӯ дар таъмгд дафн шудаед ва дар Ӯ эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард,13Ва шуморо,_ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ му рда будец, бо Ӯ зинд а карда, ҳамаи гуноҳҳотонро ому рзид.14Ва он дастнавксро, ки_бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард,15Ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагй кард ва бар онҳо дастболо шуд.16Пас, бигзор касе шуморо барои хӯрок ва нӯшокӣ, ё дар масъалаи ид, ё навмоҳ, ё шанбе маҳкум накунад:17Инҳо сояи чизҳои оянда аст, аммо ҷисм аз они Масеҳ аст.18Касе шуморо ба воситаи хоксорй ва ибодати фариштагон аз подош маҳрум накунад, дар сурате ки вай ба чизҳое ки надидааст, мудохила менамояд, аз ақли чисмонии худ беҳуда меболад.19Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо қуввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.20Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дагТ ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи:21"Нарас", "начаш", "даст наков"ро пайравӣ менамоед,22Дар сурате ки онҳо пас аз истеъмол фано мешавад, зеро бар аҳком ва таълимоти инсонӣ бино шудааст?23Ҳамаи ин дар ибодати худсарона, хоксорӣ ва озори ҷисм ба назар ҳиқмат менамояд, лекин дар ҷилавгирӣ кардани ҷисм фоида надорад.