Tajik

Colossians

1

1ПАВЛӮС, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс2Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худр ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.3Худо, Падари Худованди мо Исои Масеҳро шукргузорӣ мекунем дар ҳар вақте ки дар ҳаққи шумо дуо мегӯем,4Баъд аз шунидани овозаи он имоне ки шумо ба Исои Масеҳ ва он муҳаббате ки ба ҳамаи муқаддасон доред,5Ба хотири умеде ки бароятон дар осмон муҳайёст, ки дар бораи он шумо пештар дар каломи ростӣ, яъне дар башорат шунидаед,6Ки он ба шумо, чунон ки ба тамоми ҷаҳон низ расидааст, ва он самара мебахшад ва афзоиш меёбад, чунон ки дар миёни щумо низ аз он рӯзе ки файзи Худоро дар ростӣ шунидаед ва донистаед,7Чӣ тавре ки аз Эпафрос таълим гирифтаед, ки ӯ ҳамкори маҳбуби мо ва хизматгузори амине барои шумо дар Масеҳ аст,8Ва ӯ моро аз муҳаббати шумо, ки дар Рӯҳ аст, огоҳ кардааст.9Бинобар ин мо низ аз он рӯзе ки инро шунидаем, дар ҳаққи шумо дуо ва илтимосро бас намекунем, то ки шумо аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур шавед,10Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,11Ва бар тибки иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,12Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст,13Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст,14Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,15Ки Ӯ сурати Худои нонамоён ва нахустзодаи тамоми махлуқот аст;16Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, - ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст;17Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад.18Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,19Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад,20Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.21Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,22Ҳоло дар ҷисми башарии Ӯ ба воситаи мамоти Ӯ он1тӣ додааст, то ки пгуморо назди Худ муқаддас ва бе айбу нуқсон ҳозир кунад,23Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устуьор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда щудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.24Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам,25Ки ман хизматгузори он гардидаам мувофиқи ваколати Худо, ки барои гдумо ба ман ато шудааст, то ки мавъизаи каломи Худоро ба ҷо оварам,26Яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасоғи Ӯ ошкор шудааст,27Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар нгумо умеди ҷалол аст,28Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;29Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири қуввати Ӯ, ки дар ман қодирона амал мекукад, ҷидду ҷаҳд менамоям.