1ПАС, эй бародарони маҳбуб ва матлуби ман, эй шодмонӣ ва тоҷи сари ман, дар Худованд ҳамин тавр истодагй намоед, эй маҳбубон.2Аз Авҳӯдия илтимос мекунам ва аз Сунтихӣ илтимос мекунам, ки дар Худованд ҳамфикр бошанд.3Аз ту низ, эй ҳамкори самимӣ, хоҳишмандам, ки ба ин занон кӯмак бирасонӣ, ки онҳо дар роҳи башорат бо ман ва бо Қлимис ва бо ҳамроҳони дигарам, ки номашон дар дафтари ҳаёт аст, ҷидду ҷаҳд кардаанд.4Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед.5Бигзор фурӯтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.6Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукрузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, -7Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.8Хуллас, эй бародарон, ҳар он чи рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва Хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст, ва ҳар эҳсон ва ҳамде ки бошад, - дар бораи онҳо фикр кунед.9Он чи шумо дар ман омӯхтаед, ва кабул кардаед, ва шунидаед, ва дидаед, - онҳоро ба ҷо оваред, ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.10Ва ман дар Худованд багоят шод шудам, ки алҳол шумо гамхории худро дар ҳақки ман аз нав ривоҷ додаед; пештар ҳам шумо ғамхорӣ менамудед, вале вазъият мусоидат намекард.11На ин ки ба сабаби мӯҳтоҷӣ мегуфта бошам; зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қакоат намоям:12Дар камбагалй ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонй ва камиро ёд гирифтаам;13Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад.14Лекин хуб кардед, ки дар андӯҳи ман шарик шудед.15Ва шумо, эй филигатиён, медонед, ки дар ибтидои башорат, вакте ки аз Макдуния баромадам, ҳеҷ як калисо дар кори додану гирифтан бо ман шарикӣ накард, ба ғайр аз шумо;16Ҳатто ба Таслӯникӣ шумо якду карат барои эҳтиёҷоти ман фиристодед.17На ин ки ман талабгори ҳадия бошам, балки толиби самаре ҳастам, ки ба фоидаи шумо биафзояд.18Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.19Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.20Худо, Падари моро то абад ҷалол бод, омин.21Ба ҳар як муқаддас дар Исои Масеҳ салом гӯед. Бародароне ки бо ман мебошанд, ба шумо салом мегӯянд.22Ҳамаи муқаддасон, алалхусус аз хонаи қайсар ба шумо салом мегӯянд.23Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод, омин.