1БИНОБАР ин мо дигар сабр карда натавонистем ва розӣ шудем дар Атино танҳо монем,2Ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори Худо ва ҳамкори мо дар башорати Масеҳ аст, фиристодем, то ки шуморо дар имонатон устувор гардонад ва тасаллӣ диҳад,3То ки ҳеҷ кас дар ии азобу уқубатҳо дудила нашавад, зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо.4Зеро ки мо ҳамон вакт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед.5Аз ин рӯ ман ҳам дигар сабр карда натавонистам ва ӯро фиристодам, ки имони шуморо бифаҳмам, ки мабодо озмоянда шуморо озмуда бошад ва меҳнати мо бенатиҷа шуда бошад.6Аммо акнун, ки Тимотиюс аз пеши шумо назди мо омад ва муждаи имон ва муҳаббати шуморо ба мо расонд, ва ин ки шумо ҳамеша моро ба некй ёд мекунед ва муштоқи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ муштоқи дидори шумо ҳасгем, -7Пас мо, эй бародарон, бо вуҷуди тамоми андӯҳ ва азобу укубати худ, аз имони шумо тасаллӣ ёфтем,8Чунки акнун мо зинда ҳастем, модоме ки шумо дар Худованд қоим мебошед.9Зеро чй гуна мо метавонем ба Худо барои шумо шукргузорӣ кунем, барои тамоми шодмоние ки дар бораи шумо ба ҳузури Худои мо дорем,10Ки шабу рӯз бо тамоми ҷидду ҷаҳд дуо мегӯем, ки бо шумо рӯ ба рӯ шавем ва камии имони шуморо пур кунем?11Худи Худо ва Падари мо ва Худованди мо Исои Масеҳ роҳи моро сӯи шумо рост оварад.12Ва Худованд муҳаббати шуморо ба якдигар ва ба ҳар кас афзун ва фаровон гардонад, чунон ки мо низ ба шумо муҳаббат дорем,13Ва дилҳои шуморо устувор гардонад, то ки дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи муқаддасони Ӯ дар кудсият ба ҳузури Худо ва Падари мо беайб бошед. Омин.