Tajik

1 Thessalonians

4

1ВА боз, эй бародарон, аз шумо дар Исои Масеҳ хоҳиш ва илтимос мекунем, ки чӣ тарзе ки аз мо пазируфтаед, ки чӣ гуна бояд рафтор кунед ва дар назари Худо писанд оед, ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред;2Зеро медонед, ки чӣ гуна аҳкоме аз ҷониби Исои Худованд ба шумо додаем.3Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунсд;4Ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покй ва шараф нигоҳ дорад,5На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;6Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худоваид барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.7Зеро ки Худо моро на ба нопокӣ, балки ба қудсият даъват кардааст.8Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.9Аммо дар хусуси бародардӯстӣ ба шумо навиштан ҳоҷат надорад, зеро ки худи шумо аз Худо омӯхтаед, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошед;10Ва шумо бо ҳамаи бародарон дар ҳамаи Мақдуния ҳамин тавр рафтор мекунед. Лекин мо, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст оваред11Ва саъю кӯшиш намоед, ки сокитона зиндагӣ кунед ва кори худро бо амали дастҳои худ ба ҷо оваред, чунон ки ба шумо дастур додаем,12То назди онҳое ки дар берунанд, боодобона рафтор кунед ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед.13Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед.14Зеро, агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳьё шуд, ба ҳамин тарз шгз Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард.15Зеро инро ба шумо бо каломи Худованд мегӯем, ки мо, зиндаҳо, ки то омадани Худованд боқй мондаем, аз мурдагон пешдастӣ нахоҳем кард,16Чунки Худи Худованд бо бонги даъват, бо садои фариштаи муқарраб ва карнаи Худо, аз осмон нузул хоҳад кард, ва онҳое ки дар Масеҳ мурдаакд, аввал эҳьё хоҳанд шуд;17Баъд мо, зиндаҳо, ки боқӣ мондаем, бо якҷоягии онҳо бар абрҳо бурда хоҳем шуд, то ки Худовандро дар ҳаво пешвоз гирем, ва ҳамин тавр ҳамеша бо Худованд хоҳем буд.18Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллй диҳед.