Tajik

1 Thessalonians

5

1АММО дар бораи замонҳо ва мӯҳлатҳо ба шумо, эй бародарон, навиштан ҳоҷат надорад,2Зеро худи шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд ончунон меояд, чунон ки дузд дар шаб.3Чун бигӯянд: "Осоиштагй ва амният", - он гоҳ ногаҳон ба ҳалокат дучор хоҳанд шуд, мисли он ки зани ҳомиладор ба дарди зоиш дучор мешавад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ халос нахоҳанд шуд.4Лекин шумо, эй бародарон, дар зулмот нестед, ки он рӯз бар шумо чун дузд ояд;5Зеро ки ҳамаи шумо писарони нур ва писарони рӯз ҳастед. Мо на писарони шаб ҳастем ва на писарони зулмот.6Пас, набояд мисли дигарон дар хоб бошем, балки бедор ва ҳушьёр бошем.7Зеро ки хобидагон шабона меҳобанд, ва мастон шабона маст мешаванд;8Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушьёр бошем ва зиреҳи имон ва муҳаббат ва хӯди умеди наҷотро дар бар кунем,9Чунки Худо моро на барои ғазаб таъин кардааст, балки барои ёфтани наҷот ба василаи Худованди мо Исои Масеҳ,10Ки барои мо мурд, то ки мо, хоҳ бедор бошем, хоҳ хобида, бо якҷоягии Ӯ зист кунем.11Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.12Аммо аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки он касонро қадрдонӣ намоед, ки дар миёни шумо меҳнат мекунанд, ва сарварони шумо дар Худованд буда, шуморо насиҳат медиҳанд,13Ва онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат кунед; бо якдигар дар сулҳ зист кунед.14Инчунин аз шумо, эй бародарон, хоҳишмандем, ки танбалонро насиҳат кунед, беҷуръатонро тасаллӣ диҳед, сустонро дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед.15Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадй бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.16Ҳамеша шод бошед.17Пайваста дуо гӯед.18Барои ҳама чиз пгукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ.19Рӯҳро ҳомӯш накунед.20Нубувватҳоро хор нашуморед.21Ҳдма чизро озмоиш кунед, чизи хубро нигоҳ доред.22Аз ҳар гуна бадй худдорӣ кунед.23Худи Худои осоиштагй бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вакти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.24Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад.25Эй бародарон, барои мо дуо гӯед.26Ба ҳамаи бародарон бо бӯсаи муқаддас салом расонед.27Щуморо ба исми Худованд вазифадор менамоям, ки ин номаро ба ҳамаи бародарони муқаддас биҳонед.28Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод. Омин.