1ДАФЪАИ сеюм аст, ки назди шумо меоям: бо гувоҳии ду ё се шоҳид ҳар сухан исбот хоҳад шуд.2Онҳоеро, ки пештар гуноҳ кардаанд, ва ҳамаи дигаронро, - ҳам он вакт, ки дафъаи дуюм омада будам, ва ҳам ҳоло, ки ғоиб ҳастам, - таъкид намудаам ва таъкид менамоям, ки агар боз оям, амон нахоҳам дод.3Шумо далели онро меҷӯед, ки оё Масеҳ дар ман суҳан меронад: Ӯ барои шумо оҷиз нест, балки дар миёни шумо боиктидор аст.4Зеро, агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо куввати Худо зинда аст; мо низ дар Ӯ заиф ҳастем, лекин ҳамроҳи Ӯ бо куввати Худо, ки дар шумост, зиндагӣ хоҳем кард.5Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед. Ё шумо ҳудро намешиносед, ки Исои Масеҳ дар шумост? Магар ин ки шумо на ончунон ҳастед, ки бояд бошед.6Дар ҳусуси мо, умедворам, шумо ҳоҳед донист, ки мо ончунон ҳастем, ки бояд бошем.7Мо ба Худо тазаррӯъ менамоем, ки шумо ҳеҷ бадӣ накунед, на аз барои он ки мо худро ончунон нишон диҳем, ки бояд бошем; балки аз барои он ки шумо некӣ кунед, агарчи мо на ончунон ба назар намоем, ки бояд бошем.8Зеро ки мо на бар зидди ростй, балки фақат барок ростӣ кувват дорем.9Зеро шодӣ мекунем, вакте ки мо заиф ҳастем, вале шумо бокувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем.10Аз он сабаб ман инро дар вакти набуданам навиштаам, ки дар омаданам сахтгирӣ накунам аз рӯи он ихтиёре ки Худованд ба ман, на аз барои харобкорӣ, балки барои буньёдкорӣ додааст.11Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳифз намоед, - ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.12Ба якдигар бо бӯсаи муқаддас салом расонед. Ҳамаи муқаддасон ба шумо салом мерасонанд.13Файзи Исои Масеҳи Худованд, ва муҳаббати Худо, ва ширкати Рӯҳулкудс бо ҳамаатон бод. Омин.