1АГАРЧИ фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям.2Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин, - оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, - то осмони сеюм бурда шуд.3Ва ин шахсро мешиносам, - оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, -4Ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони молокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода камояд.5Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам.6Зеро, агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорй менамоям, то касе дар ҳаққи ман аз он чи дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад.7Ва барои он ки ман ба сабаби фавкулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам.8Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад,9Вале ба ман гуфт: "Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад". Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.10Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам.11Бо фахр карданам то ба дараҷаи беақлӣ расидаам: шумо маро маҷбур сохтед. Шуморо лозим буд маро мадҳ менамудед, зеро ки ман аз ҳаввориёни олӣ дар ҳеҷ бобат камӣ надорам, гарчанде ки ҳеҷам:12Нишонаҳои ҳавворӣ дар миёни шумо бо камоли сабр дар аломот, мӯъҷизот ва қувваҳо нишон дода шуд.13Зеро дар чӣ щумо аз калисоҳои дигар камй доред? Магар фақат дар он ки ман ба шумо гаронӣ накардаам? Ин гуноҳи маро афв намоед!14Инак, дафъаи сеюм аст, ки ман тайёрам назди шумо биёям, ва ба шумо гаронӣ нахоҳам кард, чунки на чизу чораи шуморо, балки худатонро талабгорам. Зеро ки на фарзандон бояд барои падарону модарони худ саришта кунанд, балки падарону модарон барои фарзандон.15Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод, қатъи назар аз он ки ба бадали муҳаббати зиёде ки ба шумо дорам, аз ҷониби шумо ба худам муҳаббати камтаре мебинам.16Фарз кунем, ки ман ба шумо гаронӣ накардаам, лекин, ҳамчун шахси муғамбир, шуморо бо макр ба дом даровардаам.17Оё ба воситаи яке аз онҳое ки назди шумо фиристодам, фоидае аз шумо ба даст овардам?18Аз Титус илтимос намуда, бародареро бо ӯ равона кардам: магар Титус аз шумо фоидае ба даст овард? Оё мо дар як рӯҳ рафтор накардем?19Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сасред кар да истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост.20Зеро метарсам, ки дар омаданам мабодо шуморо, ончунон ки меҳоҳам, наёбам, шумо низ маро, ончунон ки меҳоҳед, наёбед; мабодо низоъ, ҳасад, ҳашм, ҷанҷол, бӯҳтон, ғайбат, ғурур ва бетартибиҳо мавчуд бошад;21Мабодо боз, вакте ки оям, Худои ман маро назди шумо ҳакир созад, ва ман азо гирам барои бисьёр касоне ки пештар гуноҳ кардаанд ва аз нопокӣ, зино ва фиску фучуре ки ба амал овардаанд, тавба накардаанд.