Tajik

2 Corinthians

11

1КОШКИ беақлии маро як қадар таҳаммул кунед! Лекин маро таҳаммул ҳам мекунед.2Зеро ман дар ҳаққи шумо бо рашки Худо рашк менамоям, чунки шуморо ба марди ягонае номзад сохтаам, то ки чун бокираи поке ба Масеҳ пешниҳод намоям.3Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.4Зеро, агар касе омада, Исои дигареро мавъиза намояд, ғайр аз Он, ки мо Ӯро мавъиза кардем, ё шумо рӯҳи дигаре гиред, ғайр аз он ки гирифтед, ё башорати дигаре, ғайр аз он чи қабул кардед, - шумо онро ба хубӣ таҳаммул менамоед.5Аммо ман гумон мекунам, ки аз он ҳаввориёни олӣ ҳеҷ камӣ надорам:6Агарчи дар нутқ моҳир нестам, аммо на дар дониш. Лекин мо аз ҳар хусус ба шумо комилан маълум ҳастем.7Оё ман гуноҳ кардам, ки худро ҳақир сохтам, то ки шуморо сарбаланд гардонам, чунки Инҷили Худоро ба шумо муфт мавъиза намудам?8Ман боиси харҷи калисоҳои дигар гардида, аз онҳо музд гирифтам, то ки хизмати шуморо ба ҷо оварам; ва ҳангоме ки назди шумо будам, мӯҳтоҷӣ кашида бошам ҳам, ба касе гаронӣ накардам,9Зеро бародароне ки аз Мақдуния омаданд, норасогии маро пур карданд; ҳудам низ саъю кӯшиш намудам ва хоҳам намуд, ки дар ҳеҷ чиз ба шумо гаронй накунам.10Ба ростии Масеҳ, ки дар ман аст, мегӯям: ин фахр дар кишварҳои Охоия аз ман кашида гирифта намешавад.11Аз чӣ сабаб? Оё аз он сабаб ки ман шуморо дӯст намедорам? Худо медонад!12Аммо он чи мекунам, боз ҳам хоҳам кард, то баҳонаи одамонеро беасос кунам, ки баҳона меҷӯянд, то дар он чи фахр мекунанд, худро бо мо баробар созанд.13Зеро ки онҳо ҳаввориёни козиб ва арбобони маккор ҳастанд, ки шакли ҳаввориёни Масеҳро мегиранд.14Ва ин тааҷҷубовар нест: зеро ки худи шайтон шакли фариштаи нурро мегирад.15Бинобар ин кори бузург нест, ки агар хизматгузорони вай низ шакли хизматтузорони адолатро бигиранд; лекин фарҷомашон аз рӯи аъмолашон хоҳад буд.16Боз мегӯям: касе маро беақл надонад; ва агар ин тавр набошад, пас маро лоақал ҳамчун беақле қабул кунед, то ки ман ҳам андаке фахр намоям.17Он чи мегӯям, на аз рӯи тариқи Худованд мегӯям, балки гӯё аз рӯи беақлй, бо чунин эътимоде ки дар фахр аст.18Чӣ тавре ки бисьёр касон ба ҳасби ҷисм фахр мекунанд, ман низ фахр хоҳам кард.19Зеро шумо, ки оқил ҳастед, беақлонро бо майли тамом таҳаммул менамоед.20Зеро, агар касе шуморо ғулом гардонад, агар касе ҳаққи шуморо хӯрад, агар касе шуморо ғорат кунад, агар касе худро баланд гирад, агар касе пгуморо торсакӣ занад, шумо ӯро таҳаммул менамоед.21Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам.22Онҳо ибронӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Исроилӣ ҳастанд? Ман низ ҳастам. Насли Иброҳим ҳастанд? Ман низ ҳастам.23Хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо - бештар, дар зери зарбаҳо - аз андоза берун, дар зиндонҳо - бештар, дар чанголи аҷал - дафъаи бисьёр.24Панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагй тозиёна хӯрдам;25Се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат кищтии ман ғарқ шуда, щабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам;26Дафъаи бисьёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарьёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халкхр, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб,27Дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ.28Ғайр аз чизҳои дигар, шабу рӯз ғамхорй дар бораи ҳамаи калтгсоҳо бар зиммаи ман аст.29Касе беҳол шавад, ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, ман намесӯзам?30Агар фахр кардан лозкм бошад, аз заъфи худ фахр мекунам.31Худо ва Падари Худоваыди мо Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям.32Дар Димишқ волии подшоҳ Аретас шаҳри димишқиёнро посбонй мекард, то ки маро дастгир намояд; ва маро аз тиреза дар сабаде аз болои қалъа фуроварданд, ва ман аз дасти вай халос шудам.