1ЛЕКИН ман, Павлус, ки шахсан дар миёни шулю хоксорам, вале ғоибона бар шумо ҷасорат дорам, шуморо бо фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ даъват менамоям,2Ва илтимос мекунам, ки дар омадани худ он ҷасорати қатъиро ба кор набарам, ки ният дорам ба муқобили баъзе касоне зоҳир созал\, ки ба гулюнашон мо ба ҳасби ҷисм рафтор менамоем.3Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷактем;4Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо;5Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,6Ва тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем, вақте ки итоати шумо комил гардад.7Оё аз рӯи қиёфа ҳукм мекунед? Агар касе ба худаш эътимод дорад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор вай боз ҳам аз худаш қиёс гирад, :ш чунон ки вай аэ они Масеҳ аст, ончунон мо низ аз они Масеҳ ҳастем.8Зеро, агар ман як қадар зиёдтар фахр намоям аз ихтиёре ки Худованд барои буньёдкорӣ, на барои харобкории шумо, ба мо додааст, хиҷил нахоҳам шуд,9То ба назар чунин нанамояд, ки гӯё ман шуморо бо номаҳо тарсонда истодаам,10Чунки мегӯянд: "Дар номаҳо ӯ ҷиддӣ ва зӯровар аст, аммо ҳузури шахсии ӯ заиф, ва нутқаш ночиз аст".11Чунин шахс бидонад, ки мо дар каломи номаҳои ғоибона чй гунае ки бошем, амалан, дар хузури шахсӣ низ ҳамон гунаем.12Зеро ки мо ҷуръат намекунем худро бо касони худсито муқокса намоем ё баробар кунем: онҳое ки худро бо худ андоза мекунанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, хирад надоранд.13Лекин мо берун аз андоза фахр наҳоҳем кард, балки ба андозаи он ҳадде ки Худо барои мо муайян кардааст, то ки ба шумо ҳам бирасем.14Мо аз ҳадди худ намегузарем, ки гӯё ба шумо нарасида бошем, зеро ки бо Инҷили Масеҳ ба шумо ҳам расидаем.15Мо берун аз андоза бо меҳнатҳои дигарон фахр намекунем, лекин умед дорем, ки ҳар қадар имонатон зиёдтар шавад, ҳадди кори мо низ дар миёни шумо афзоиш хоҳад ёфт,16То ки дар ҷойҳои аз шумо дуртар ҳам Инҷилро мавъиза намоем ва бо он чи дар ҳадди кори дигарон муҳайё шудааст, фахр накунем.17Ва ҳар кӣ фахр мекунад, бигзор бо Худованд фаҳр кунад.18Зеро на он кас арзанда аст, ки худро ситоиш мекунад, балки он кас, ки Худованд ӯро ситоиш мекунад.