Tajik

2 Corinthians

9

1ДАР бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист,2Зеро ҷидду ҷаҳди шуморо медонам ва аз шумо пеши аҳли Мақдуния фахр менамоям, ки Охоия аз соли гузашта тайёр шудааст; ва иштиёқи шумо аксарияти онҳоро ба шавқ овард.3Бародаронро барои он фиристодам, ки фаҳре ки мо аз шумо дорем, беҳуда набарояд, то ки шумо, чунон ки гуфтаам, тайёр бошед,4То ки, агар аз аҳли Мақдуния бо ман омада, шуморо нотайёр ёбанд, мо, - намегӯям, ки "шумо", - аз чунин эътимоде ки бо он фахр кардаем, хиҷил нашавем.5Бинобар ин лозим донистам аз бародарон илтимос кунам, ки аз ман пештар назди шумо рафта, хаироти ваъдагии шуморо пешакӣ муҳайё кунанд, то ки он ҳамчун хайроте тайёр бошад, на ҳамчун хироҷе.6Хуллас, касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад.7Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахй бошад.8Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед,9Чунон ки навишта шудааст: "Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; кори хайраш то абад қоим аст".10Ва Он ки барои коранда тухм ва барои хӯранда нон муҳайё менамояд, кишти шуморо фаровон ва самари кори хайри шуморо афзун хоҳад кард,11То ки шумо дар ҳар чиз барои ҳар гуна саховат бой гардед, ки он ба воситаи мо шукри Худоро ба амал меоварад.12Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад;13Зеро ки, дар натиҷаи ин хизмат, онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои итоати шумо ба Инҷиле ки паиравӣ менамоед, ва барои ҳиммати шумо дар ширкате ки бо онҳо ва бо ҳама доред,14Ва онҳо дар дуое ки дар ҳаққи шумо мегӯянд, барои файзи Худо, ки дар шумо фаровон аст, иштиёқманди шулю мебошанд.15Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!