Tajik

2 Corinthians

8

1ШӮМОРО, эй бародарон, дар бораи файзи Худо, ки ба калисоҳои Мақдуния ато шудааст, огоҳ менамоем;2Зеро ки дар миени имтиҳони бузурги андӯҳҳо фаровонии шодии онҳо ва бенавоии сахти онҳо дар ҳиммати баландашон пурра зоҳир шуд;3Зеро ман шоҳиди онам, ки онҳо алоқадри қувваташон ва берун аз қувваташон сахӣ буданд:4Онҳо бо камоли исрор аз мо илтимос карданд, ки дар кори хайр ба мадади муқаддасон шарики мо бошанд;5Ва на факат ба тавре ки мо чашм доштем, балки худашонро пешкаш карданд, аввалан ба Худованд ва сониян ба мо низ мувофиқи иродаи Худо;6Бинобар ин мо аз Титус хоҳиш намудем, ки ӯ, чӣ тавре сар кардааст, ҳамон тавр ин кори хайрро ҳам дар миёни шумо ба анҷом расонад.7Амлю, чунон ки шумо дар ҳар чиз: дар имон ва калом, дар дониш ва ҳар гуна ҷидду ҷаҳд ва дар муҳаббати худ нисбат ба мо афзунй доред, ончунон дар ин кори хайр ҳам афзунӣ зоҳир намоед.8Инро ба таври фармон намегӯям, балки ба воситаи ҷидду ҷаҳди дигарон самимияти муҳаббати шуморо низ меозмоям.9Зеро шумо файзи Худованди мо Исои Масеҳро лтедонед, ки Ӯ сарватдор буда, барои шумо бенаво шуд, то ки шумо ба воситаи бенавоии Ӯ сарватдор шавед.10Дар ин хусус ман фикри худро баён мекунам; зеро ки ин ба шумо фоиданок аст, чунки на танҳо ба ин кор шурӯъ намудаед, балки соли гузашта онро орзу ҳам карда будед.11Ва акнун худи корро низ ба охир расонед, то ки он чи шумо орзуи ба амал овардан доштед, алоқадри ҳолатон анҷом ёбад.12Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.13На он тавр, ки ба дигарон сабук ва ба шумо гарон афтад, балки ба таври баробарӣ:14Алҳол зиедатии шумо камии онҳоро пур мекунад, то ки баъд зиёдатии онҳо низ камии шуморо пур кунад, ва баробарӣ ба амал ояд,15Чунон ки навишта шудааст: "Касе ки бисьёр ҷамъ карда буд, зиёдатӣ надошт, ва касе ки кам ҷалгь карда буд, камӣ надошт".16Худоро шукр, ки чунин ҷидду ҷаҳдро нисбат ба шумо дар дили Титус ҷо кардааст,17Зеро ки ӯ ба илтимоси мо гӯш андохт ва, азбаски ҷидду ҷаҳди зиёде дошт, бо ихтиёри худ сӯи шумо равона шуд.18Бо ӯ мо бародареро равона кардем, ки дар ҳамаи калисоҳо барои башорат лоиқи таҳсин гардидааст,19Ва ғайр аз ин, аз ҷониби калисоҳо таъин шудааст, ки дар ин кори хайр ба мо ҳамроҳӣ кунад, ки хизмати онро мо барои ҷалоли Худованд ва мувофиқи ҷидцу ҷаҳди шумо ба ҷо меоварем,20Ва эҳтиёт мекунем аз он ки касе дар ҳаққи мо бӯҳтоне нагӯяд, оид ба ин ионати фаровоне ки бо хизмати мо ба даст оварда мешавад;21Зеро ки мо кори некро на танҳо ба ҳузури Худованд, балки пеши мардум низ пешбинӣ мекунем.22Бо онҳо мо бародари худро низ фиристодем, ки ҷидду ҷаҳди ӯро дар бисьёр чизҳо дафъаи бисьёр имтиҳон намудаем, ва алҳол ҷидду ҷаҳдаш, азбаски ӯ ба шумо эътимоди бузург дорад, боз ҳам зиёд шудааст.23Дар хусуси Титус бошад, ӯ рафиқ ва ҳамкори ман аст назди шумо; дар хусуси бародарони мо бошад, онҳо фиристодагони калисоҳо ва ҷалоли Масеҳ мебошанд.24Пас, муҳаббати худро, ва он фаҳреро, ки мо аз шумо дорем, пеши калисоҳо ба онҳо исбот кунед.