Tajik

2 Corinthians

7

1ПАС, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна начосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.2Дар дилҳои худ ба мо ҷой диҳед. мо касеро наранҷондаем, ба касе осеб нарасондаем, аз касе истифода набурдаем.3На аз барои мазаммат мегӯям: зеро пештар гуфта будам, ки шумо дар дили мо ҳастед, то ки бо ҳам бимирем ва бо ҳам зист кунем.4Ӯмеди ман аз шумо бисьёр аст, фахри ман аз шумо бузург аст; бо вуҷуди тамоми андӯҳи мо, пур аз тасалло ҳастам ва шодии фаровон дорам.5Зеро, вақте ки ба Мақдуния ҳам омадем, ҷисми мо оромӣ надошт, балки аз ҳар сӯ ба фишор дучор шудем:аз берун - ҷидолҳо, аз дарун - ҳаросҳо буд.6Аммо Худое ки ба фурӯтанон тасалло мебахшад, бо омадани Титус моро тасалло дод,7Ва на танҳо бо омадани ӯ, балки бо он тасаллое низ, ки ӯ дар шумо ёфта буд, вақте ки аз иштиёқмандии шумо, аз навҳаи шумо ва аз рашке ки шумо дар ҳаққи ман доред, ба мо нақл кард, ба тавре ки ман боз зиёдтар шод шудам.8Бинобар ин, агар шуморо бо нома ғамгин карда бошам, пушаймон нестам, гарчанде ки пештар пушаймон шуда будам; зеро дидам, ки он нома шуморо, ба соате бошад ҳам, ғамгин кард.9Алҳол ман шодам на аз он ки шумо гамгин шудаед, балки аз он ки ғами шумо боиси тавба гардидааст, зеро ки ғами шумо аз тарафи Худо буд, ба тавре ки аз мо ҳеҷ зиёне надидаед.10Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.11Зеро бубинед, ки ғами Худо додаро хӯрданатон чӣ гуна ҷидду ҷаҳдро, чӣ гуна узрхоҳиро, чӣ гуна тарсро, чй гуна шавқро, чӣ гуна рашкро, чӣ гуна қасосро дар шумо ба амал овард! Ва дар ҳамааш шумо нишон додед, ки дар ин кор пок ҳастед.12Хуллас, агарчи ман ба шумо навишта будам, ин на аз барои золим ва на аз барои мазлум, балки барои он буд, ки ҷидду ҷаҳди мо дар ҳаққи шумо ба ҳузури Худо ба шумо ошкор гардад.13Ба ин сабаб мо аз тасаллои шумо тасалло ёфтем; лекин боз ҳам зиёдтар мо аз шодии Титус шод шудем, чунки ҳамаатон рӯҳи ӯро ором кардаед.14Зеро, агар ман дар бораи шумо пеши ӯ аз чизе фахр карда бошам, хиҷил нашудам, балки, чунон ки мо ҳар гапро дар хусуси шумо ба ростӣ гуфта будем, фахри мо низ ончунон пеши Титус рост баромад.15Ва дили ӯ боз ҳам зиёдтар сӯи шумо моил мешавад, вақте ки фармонбардории ҳамаатонро ба ёд меоварад, ки чй гуна шумо ӯро бо тарсу ларз паэироӣ намудаед.16Пас шодмонам, ки дар ҳар бобат метавонам аз шумо дилпур бошам.