Tajik

2 Corinthians

6

1МО, ки мададгорони Ӯ ҳастем, аз шумо илтимос мекунем, ки файзи Худоро бефоида қабул накунед.2Зеро ки Ӯ мегӯяд: "Дар вақти мусоид туро иҷобат намудам ва дар рӯзи наҷот ба ту мадад кардам". Инак алҳол вақти мусоид аст, инак алҳол рӯзи наҷот аст.3Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нащавад,4Балки дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем: дар сабри бисьёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар тангиҳо,5Дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар ошӯбҳо, дар меҳнатҳо, дар бехобиҳо, дар рӯзадориҳо,6Дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар Рӯҳулқудс, дар муҳаббати бериё,7Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,8Дар шараф ва бешарафӣ, дар бадномӣ ва некномӣ; моро фиребгар мешуморанд, лекин мо амин ҳастем;9Мисли номашҳур, лекин мо ба ҳама мащҳур ҳастем; мисли мурдагон, вале инак, мо зинда ҳастем; ҷазо мебинем, лекин мо намемирем;10Мисли ғамгин, лекин мо ҳамеша шодӣ мекунем; бенаво, вале мо бисьер касонро сарватдор мегардонелт; тамоман нодор, лекин мо дорои ҳал\а чиз ҳастем.11Даҳони мо, эй қӯринтиён, сӯи шумо кушода шудааст, дили мо фарох аст.12Барои шумо дар мо ҷой танг нест, лекин андаруни худатон ҷой танг аст.13Дар ивази ин, - чун ба фарзандони худ мегӯям, - шумо низ бояд фарохдил бошед.14Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо щарорат чӣ алоқаедорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад?15Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ пшркате дорад?16Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: "Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.17"Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед» мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард;18"Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ".