1ЗЕРО медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.2Аз ин рӯ мо оҳ мекащем, дар орзуи он ки хонаи худро, ки дар осмон аст, дар бар кунем:3То ки мо, либосе дар бар дошта бошем ҳам, бараҳна ёфт нашавем.4Зеро мо, ки дар ин хайма мебошем, дар таҳти боре оҳ мекашем, чунки намехоҳем либос кащем, балки дар бар кунем, то ки чизи миранда ба воситаи ҳаёт фурӯ бурда щавад.5Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро додааст.6Бинобар ин мо ҳамеша зиндадил ҳастем; чун медонем, ки то даме ки дар ҷисм макон гирифтаем, мо аз Худованд дур мебошем, -7Зеро ки бо имон рафтор мекунем, на бо дидор, -8Пас зиндадил ҳастем ва афзал медонем, ки аз ҷисм берун рафта, назди Худованд макон гирем,9Ва ба ин сабаб саъю кӯшиш менамоем, ки хоҳ дар ин макон бошем ва хоҳ набошем, ба Ӯ мақбул афтем;10Зеро ҳамаи мо бояд пеши курсии доварии Масеҳ ҳозир шавем, то ки ҳар яке ба бадали амале ки дар ҳаёти ҷисми худ кардааст, хоҳ нек бошад ва хоҳ бад, бигирад.11Пас, мо, ки тарси Худовандро медонем, ба мардум насиҳат медиҳем; мо ба Худо ошкор ҳастем, ва умедворем, ки ба виҷдонҳои шумо низ ошкорем.12Худро ба шумо аз нав муаррифй намекунем, балки ба шумо асосе медиҳем барои он ки бо мо фахр намоед, то шумо ҷавобе дошта бошед барои онҳое ки бо чизи зоҳирӣ фахр менамоянд, на бо он чи дар дил аст.13Зеро, агар мо бехуд шуда бошем, ин барои Худост; ва агар солимфикр бошем, ин барои шумост.14Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд.15Ва Ӯ барои ҳама мурд, то ки зиндаҳо акнун на аз барои худашон зиндагӣ кунанд, балки барои Ӯ, ки аз барои онҳо мурд ва эҳьё шуд.16Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем.17Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.18Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд,19Чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд.20Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед.21Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.