Tajik

2 Corinthians

4

1БИНОБАР ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;2Аммо чизҳои махфии нангинро рад карда, макрро ба кор намебарем ва каломи Худоро таҳриф намекунем, балки ростиро ошкор карда, худро ба вичдони ҳар кас ба ҳузури Худо вогузор менамоем.3Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст,4Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.5Зеро ки мо на худро, балки Исои Масеҳро мавъиза менамоем, ки Ӯ Худованд аст, ва мо ғуломони шумоем ба хотири Масеҳ,6Зеро Худое ки гуфт: "Аз зулмот нур бидурахшад", - Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.7Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии кувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо;8Мо аз ҳар ҷиҳат ба фишор дучор мешавем, вале дар тангӣ нестем; ҳайронем, вале маъюс намешавем;9Гирифтори таъқиботем, вале партофта нашудаем; сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем;10Ҳ&меша мамоти Исои Худовандро дар бадани худ бардошта мегардем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мо зоҳир шавад.11Зеро ки мо, зиндаҳо, доимо ба хотири Исо ба мамот супурда мешавем, то ки ҳаёти Исо низ дар бадани мирандаи мо зоҳир шавад,12Бинобар ин мамот дар мо амал мекунад, вале ҳаёт дар шумо.13Аммо азбаски ҳамон рӯҳи имонро дорем, чунон ки навишта шудааст: "Имон доштам, бинобар ин мегуфтам", мо низ имон дорем, бинобар ин мегӯем,14Чун медонем, ки Эҳьёкунандаи Исои Худованд моро низ ба василаи Исо эҳьё намуда, бо шумо ба по хоҳад хезонд.15Зеро ҳама чиз барои шумост, то файзе ки дар бисьёр касон фаровон шудааст, шукргузории боз ҳам зиёдтарро барои ҷалоли Худо ба амал оварад.16Бинобар ин мо ноумед намещавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинй рӯз ба рӯз нав мешавад.17Зеро укубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,18Хангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист.