1НАХОД ки мо боз худро муаррифӣ намоем? Наход ки мо, мисли баъзе касон, ба номаҳои муаррифӣ ба шумо ё аз шумо эҳтиёҷ дошта бошем?2Шумо номаи мо ҳастед, ки он дар дили мо навишта шудааст, ва онро ҳамаи одамон мешиносанд ва мехонанд;3Зеро ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки он ба воситаи хизмати мо на бо сиехӣ, балки бо Рӯҳи Худои Ҳай, на бар лавҳаҳои сангин, балки бар лавҳаҳои гӯшти дил навишта шудааст.4Чунин аст эътимоди мо ба Худо ба василаи Масеҳ,5На ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост,6Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Чадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.7Лекин агар хизмати мамот, ки дар ҳарфҳо бар санг нақш баста буд, он қадар ҷалол дошта бошад, ки банӣИсроил наметавонистанд ба рӯи Мусо нигоҳ кунанд, ба сабаби ҷалоли рӯи ӯ, ки фонӣ буд, -8Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?9Зеро, агар хизмати маҳкумкунй ҷалол дошта бошад, пас хизмати сафедкунӣ хеле зиёдтар ҷалол дорад.10Зеро ки ҳатто он чи соҳиби ҷалол дониста шудааст, ба сабаби ин ҷалоли афзалиятнок, ҷалоле нахоҳад дошт.11Зеро, агар чизи фонӣ ҷалол дошта бошад, пас чизи бақодор хеле зиёдтар ҷалол дорад.12Бинобар ин мо, ки чунин умед дорем, бо камоли ҷасорат амал мекунем,13Ва на монанди Мусо, ки ба рӯи худ парда мепӯшид, то ки банӣИсроил ба анҷоми чизи фонӣ назар наандозанд.14Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад.15То имрӯз, вақте ки онҳо Мусоро мехонанд, парда бар дилашон гузошта шудааст;16Аммо вакте ки ба Худованд рӯ меоваранд, парда бардошта мешавад.17Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист.18Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.