Tajik

2 Thessalonians

2

1ВАЛЕКИН аз шумо, эй бародарон, илтимос мекунем, ки дар хусуси омадани Худованди мо Исои Масеҳ ва пайвастани мо бо Ӯ2Нагузоред, ки фикри щумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст.3Ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шуморо фирефта кунад, зеро аввал бояд исьён ба вуқӯъ биёяд ва шахси пур аз шарорат, яъне писари ҳалокат, зоҳир шавад.4Вай ба ҳар чизе ки Худо ё маъбуд ном дорад, муқобилият нишон медиҳад ва худро аз он баланд мегирад, ба тавре ки дар маъбади Худо нишаста, худро Худо эълон мекунад.5Оё дар хотир надоред, ки вакте ки назди шумо будам, инро ба шумо мегуфтам?6Ва алҳол шумо медонед он чист, ки ба вай монеъ мешавад, то дар вакти муайян зоқир гардад.7Зеро ки сирри шарорат акнун амал мекунад, вале ҳоло маҳфиёна аст, то даме ки он чи монеъ мешавад, аз миён бардошта шавад, -8Он гоҳ шарир зоҳир мегардад, ҳамон ки Исои Худованд варо бо нафаси даҳонаш мекушад ва бо зуҳури омадани Худ несту нобуд мекунад.9Омадани ин шарир бо ҳар гуна кувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст,10Ва бо ҳар навъ талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо Муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд.11Ва ба ин сабаб Худо ба онҳо неруи гумроҳкунандаро мефиристад, то ки ба дурӯғ имон оваранд,12То ҳамаи онҳое ки ба ростӣ имон наоварданд, балки ноҳаққиро дӯст доштанд, маҳкум гарданд.13Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.14Ва барои он шуморо ба воситаи башорати мо даъват намудааст, то ки ба ҷалоли Худованди мо Исои Масеҳ ноил шавед.15Пас, эй бародарон, истодагй кунед ва ривоятҳоеро, ки ё аз калом, ё аз номаи мо таълим гирифтаед, нигоҳ доред.16Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадй ва умеди некро бо файз ато намудааст,17Бигзор дилҳои шуморо тасаллй диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.