Tajik

2 Thessalonians

3

1БА ҳар ҳол, эй бародарон, дар ҳаққи мо дуо гӯед, то ки каломи Худованд паҳн шавад ва ҷалол ёбад, чунон ки дар миёни шумо шудааст,2Ва барои он ки мо аз одамони гумроҳ ва шарир халос шавем; зеро ки на ҳар кас имон дорад.3Лекин Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.4Ва мо ба шумо дар Худованд зътимод дорем, ки он чи ба шумо амр фармоем, ба ҷо меоваред ва ба ҷо хоҳед овард.5Ва Худованд бигзор дилҳои шуморо ба муҳаббати Худр ва ба сабри Масеҳ ҳидоят намояд.6Валекин ба шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад ва на мувофиқи ривояте ки аз мо қабул кардаед, дур шавед,7Зеро худи шумо медонед, ки чй гуна бояд ба мо тақлид намоед; зеро ки мо дар миёни шумо бекорагард набудем:8Нони касеро муфт нахӯрдем, балки шабу рӯз ба меҳнат ва кор машғул шудем, то ки ба касе аз шумо гаронӣ накунем, -9На аз он сабаб ки ҳақ надоштем, балки барои он ки ҳудамонро ба шумо намунаи ибрат гардонем, то ки ба мо тақлид намоед.10Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад.11Зеро шунидем, ки баъзе касон дар миёни шумо бекорагардӣ мекунанд, яъне ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд |мекунанд;12Ба чунин шахсон дар Худованди мо Исои Масеҳ амр мефармоем ва насиҳат медиҳем, ки сокитона кор карда, нони худро бихӯранд.13Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.14Ва агар касе ба суханоне ки мо дар ин нома навиштаем, гӯш надиҳад, - ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад;15Аммо ӯро душман ҳисоб накунед, балки ҳамчун бародар насиҳат диҳед.16Валекин Худи Худованди осоиштагӣ бигзор ҳамеша дар ҳама чиз осоиштагй ба шумо ато намояд. Худованд бо ҳамаи шумо бод!17Ман, Павлус, бо дасти худ салом мерасонам, ки ин аломате дар ҳар нома аст; ман чунин менависам:18Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.