Tajik

1 Timothy

1

1ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,2Ба Тимотиюс, ки фарзанди ҳақиқӣ дар имон аст: файз, марҳамат ва осоиштагй аз ҷониби Падари мо Худо ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.3Вакте ки ба Мақдуния равона шудам, аз ту хоҳиш кардам, ки дар Эфсӯс бимонӣ, то баъзе касонро насиҳат диҳӣ, ки таълимоти дигарро паҳн накунанд4Ва бо қиссаҳо ва насабномаҳои бепоен машғул нашаванд, ки ин чизҳо на ба ободии хонаи Худо, ки дар имон аст, балки бештар ба мубоҳисот оварда мерасонад.5Мақсади ин насиҳат муҳаббат аст, ки аз дили соф ва виҷдони нек ва имони бериё падид меояд,6Ки баъзе касон аз он баргашта, ба ёвагӯӣ моил шудаанд,7Дар ҳолате ки мехоҳанд муаллимони шариат бошанд, аммо намефаҳманд на он чиро, ки мегӯянд, на он чиро, ки даъво мекунанд.8Лекин мо медонем, ки шариатнек аст, кас агар онро ба таври шаръӣ ба кор барад,9Ва инро бидонад, ки шариат на барои одил дар миён гузошта шудааст, балки барои шарирон ва беитоатон, осиён ва гуноҳкорон, фосиқон ва палидон, барои таҳқиркунандагони падар ва модар, барои одамкушон,10Барои зинокорон, ливотагарон, одамдуздон, дурӯғгӯён, савгандшиканон ва барои ҳар амале ки бар хилофи таълимоти солим аст,11Ба ҳасби башорати пурҷалоли Худои таборак, ки ба ман супурда шудааст.12Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, -13Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонй амал мекардам;14Аммо файзи Худованди мо бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд.15Ин сухан дуруст аст ва сазовори қабули куллӣ, ки Исои Масеҳ ба дуньё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад, ва ман бадтарини онҳо ҳастам.16Лекин ман барои он сазовори марҳамат шудам, ки Исои Масеҳ тамоми пурсабриро аввал дар ман нишон диҳад, то ба онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон хоҳанд овард, намунаи ибрат бошам.17Ба Подшоҳи ҷовид, ба Худои ғайрифонӣ, нонамоён ва якто то абад шавкат ва ҷалол бод. Омин.18Туро, эй фарзандам Тимотиюс, мувофиқи нубувватҳое ки пештар дар ҳаққи ту шуд, чунин насиҳат медиҳам, ки ту мутобиқи онҳо амал намуда, ҳамчун сарбози нек ҷанг кунӣ,19Ва имон ва виҷдони нек дошта бошӣ, ки баъзе касон онро рад карданд, ва киштии имонашон ғарқ шуд;20Аз он ҷумла Хумниюс ва Искандар, ки онҳоро ба шайтон супурдам, то таълим диҳам, ки куфр нагӯянд.