Tajik

1 Timothy

2

1ПАС, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон,2Барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем;3Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст,4Ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.5Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,6Ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод: ин шаҳодатест, ки дар замони муайян дода шудааст,7Ва барои ин ман воиз ва ҳавворӣ ва муаллими халқҳо дар имон ва ростӣ таъин шудаам, - дар Масеҳ рост мегуям, дурӯғ не.8Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;9Ва занон низ дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофй, на бо тилло, на бо марворид ва на бо Либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд,10Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.11Бигзор зан дар хомӯшй бо камоли итоат таълим гирад;12Ва ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ва бар мард ҳукмрон шавад, балки хомӯш бошад.13Зеро ки аввал Одам офарида шудааст, ва баъд аз ӯ Ҳавво;14Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор щудааст;15Лекин вай ба воситаи бачазоӣ наҷот хоҳад ёфт, агар дар имон ва муҳаббат ва қудсият бо исмат қоим бошад.