1ЧӮНИН суҳан амин аст, ки агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад.2Аммо усқуф бояд беайб, соҳиби як зан, ҳушьёр, боисмат, боодоб, меҳмоннавоз ва омӯзгор бошад;3На моили шаробнӯшй, на ҷангара, на тамаъкор, балки сокит ва сулҳҷӯ, на зарпараст;4Хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунад, фарзандонашро бо камоли ҳалолкорӣ дар итоат нигоҳ дорад;5Зеро, кас агар хонаву ҷои худро идора карда натавонад, оё вай дар бораи Калисои Худо ғамҳорӣ карда метавонад?6Аз ҷумлаи навимонон набошад, мабодо мағрур шуда, зери хукми иблис афтад.7Ва ҳамчунин аз ҷониби онҳое ки дар берунанд, ӯ бояд шаҳодати нек дошта бошад, то ки ба мазаммат ва доми иблис гирифтор нашавад.8Лозим аст, ки дьяконҳо низ ҳалолкор бошанд, на дузабон, на шавқманди шаробнӯшӣ, на тамаъкор,9Балки сирри имонро дар виҷдони пок нигоҳ доранд.10Валекин онҳо ҳам бигзор аввал озмуда шаванд ва баъд, агар беайб бошанд, ҳизмат кунанд.11Ҳамчунин занонашон бояд ҳалолкор бошанд, на ғайбаткунанда, балки хушьёр ва аз ҳар ҷиҳат мӯътамад.12Дьяконҳо бояд соҳиби як зан бошанд, фарзандон ва хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунанд;13Зеро онҳое ки нағз хизмат карда бошанд, барои худ мартабаи олӣ ва ҷуръати азим дар имоне ки дар Исои Масеҳ аст, муҳайё мекунанд.14Инро ба ту менависам ба умеди он ки ба қарибӣ назди ту биёям.15Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чй гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.16Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида игуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.