Tajik

1 Timothy

4

1АММО Рӯҳ кушоду равшан мегӯяд, ки дар замонҳои охир баъзе касон аз имон баргашта, ба арвоҳи фиребанда ва таълимоти шастин гӯщ хоҳанд андохт,2Ба воситаи риёкории дурӯғгӯёне ки виҷдонашон гӯё бо доғе беҳис шудааст,3Никоҳро манъ мекунанд ва аз ҳар навъ хӯрок парҳез мефармоянд, ки онро Худо офаридааст, то ки имондорон ва орифони ростӣ бо шукргузорӣ бихӯранд.4Зеро ки ҳар офаридаи Худо хуб аст, ва ҳеҷ чиз набояд рад карда шавад, агар онро бо шукргузорӣ бихӯранд,5Чунки он бо каломи Худо ва бо дуо тақдис мегардад.6Агар инро ба бародарон талқин намой, хизматгузори неки Исои Масеҳ хоҳӣ буд, ки аз суҳанони имон ва таълимоти неке ки пайравӣ кардаӣ, ғизо мегирӣ.7Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;8Зеро ки машқи ҷисмонй кам фоида дорад, вале диндорй барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.9Дуруст аст ин суХан ва сазовори қабули куллӣ.10Зеро барои ҳамин ҳам мо меҳнат мекунем ва заҳмат мекашем, ки ба Худои Ҳай умед бастаем, ки ӯ Наҷотдиҳандаи ҳамаи одамон, алалхусус имондорон аст.11Ҳаминро мавъиза намо ва таълим деҳ.12Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар сухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош.13То вакти омаданам ба қироат, насиҳат ва таълим мащғул шав.14Ба бахшоиши Рӯҳ, ки дар туст, беэътиноӣ накун, ки он ба ту ба василаи нубувват бо гузоштани дастҳои гшрон дода шудааст.15Ба ин ғамхорӣ намо ва инро тарк какун, то ки муваффақияти ту ба ҳама намоён шавад.16Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро.