Tajik

1 Timothy

5

1ПИРАМАРДРО мазаммат накун, балки чун падар насиҳат деҳ; ҷавононро чун бародарон;2Пиразанонро чун модарон; ҷавонзанонро чун хоҳарон, бо камоли покй.3Бевазанонро, агар бевазанони ҳақиқӣ бошанд, эҳтиром намо.4Вале агар бевазане соҳиби фарзандон ва ё набераҳо бошад, бигзор онҳо аввал вазифаи динии худро нисбат ба оила таълим гиранд ва падарону модаронро қадрдонй кунанд, зеро ки ин писандидаи Худост.5Бевазани ҳақиқй ва бекас ба Худо умед мебандад ва шабу рӯз ба тазаррӯъ ва дуо машғул аст,6Лекин бевазане ки дар айшу ишрат умр магузаронад, зинда ба зинда мурдааст.7Ана ҳаминро ба онҳо талқин намо, то ки беайб бошанд.8Аммо агар касе ба хешу табораш ва алалхусус ба аҳли хонааш ғамхорӣ накунад, вай тарки имон кардааст ва аз беимонон бадтар аст.9Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки синну солаш аз шаст кам набошад ва як шавҳар карда бошад10Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирй намуда ва ҳар амали некро пайравй карда бошад.11Лекин бевазанони ҷавонро қабул накун, зеро вақте ки шаҳват онҳоро аз Масеҳ дур месозад, мехоҳанд никоҳ кунанд;12Бинобар ин маҳкум хоҳанд шуд, чунки имони пештараро рад кардаанд;13Илова бар ин, азбаски бекоранд, хона ба хона мегарданд, - ва на танҳо бекоранд, балки низ лаққӣ ва кунҷков буда, суханоне мегӯянд, ки шоиста нест.14Пас, хоҳиши ман ин аст, ки ҷавонзанон никоҳ кунанд, бача зоянд, бо рӯзгори хона машғул шаванд ва ба душман ҳеҷ як асосе надиҳанд, ки бадгӯӣ кунад:15Зеро ки баъзе аз онҳо аз паи шайтон рафта, гумроҳ шудаанд.16Агар мард ё зани имондоре бевазанон дошта бошад, бигзор ба онҳо мадад расонад ва бар Калисо гаронӣ накунад, то ки Калисо ба бевазанони ҳақиқӣ мадад расонда тавонад.17Пироне ки нағз сардорй мекунанд, эҳтироми дучандро сазоворанд, алалхусус онҳое ки дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд.18Зеро ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст: "Вақте ки барзагов хирман мекӯбад, даҳонашро набанд"; ва боз: "Меҳнаткаш музди худро сазовор аст".19Шикоятро дар ҳаққи пире, бе он ки ду ё се шоҳид бошад, қабул накун.20Хатокоронро дар ҳузури ҳама танбеҳ намо, то ки дигарон низ битарсанд.21Дар пеши Худо ва Исои Масеҳи Худованд ва фариштаҳои баргузида туро қасам медиҳам, ки инро бе ғаразе риоя намой ва ҳеҷ коре бо рӯйбинй накунӣ.22Дастҳоро бар ҳеҷ кас шитобкорона нагузор ва ба гуноҳҳои дигарон шарик нашав; худро пок нигоҳ дор.23Минбаъд оби танҳо нанӯш, балки барои меъдаат ва нотобиҳои зиёде ки дорӣ, каме шароб ба кор бар.24Гуноҳҳои баъзе касон ошкор аст ва рост сӯи маҳкумият мебарад, лекин гуноҳҳои баъзеи дигарон баъдтар ошкор мешавад.25Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пшгҳон монда наметавонад.