1ҒӮЛОМОНЕ ки зери юғ мебошанд, бояд оғоёни худро сазовори ҳар иззату икром донанд, то ки исми Худо ва таълимоти мо гирифтори мазаммат нашавад.2Вале онҳое ки оғоёни имондор доранд, набояд ба онҳо беэътиноӣ кунанд, чунки онҳо бародаронанд; балки бояд бо ҷидду ҷаҳди боз ҳам зиёдтар ба онҳо хизмат кунанд, зеро онҳое ки аз инҳо баҳрае мебинавд, имондор ва маҳбубанд. Инро таълим деҳ ва насиҳат намо.3Агар касе таълимоти дитарро паҳн кунад ва ба суханони солими Худовағди мо Исои Масеҳ ва ба таълимоти диндорӣ пайравй накунад, -4Вай мағрур аст, ҳеҷ чизро намедонад, балки ба бемории муҷодилот ва мубоҳксот дучор шудааст, ки аз онҳо ҳасад, ҷанҷол, бадзабониҳо, гумонҳои шарирона5Ва мунозираҳои бекора ба амал меояд дар миёни шахсони ақлрамида ва аз ҳақиқат бегонае ки мувофиқи пиндошташон диндорй манбаи фоида аст. Аз чунин шахсон канорагирӣ намо.6Аммо диндорй бо қаноатмандӣ манфиати зиёде дорад.7Зеро ки мо ба дуньё чизе наовардаем, ва равшан аст, ки наметавонем чизе аз он низ бибарем.8Бинобар ин, модоме ки хӯрок ва либос дорем, аз он қонеъ хоҳем буд.9Лекин онҳое ки мехоҳанд сарватдор шаванд, гирифтори озмоиш ва дом ва бисьёр ҳавасҳои беақлона ва зарарнок мешаванд, ки онҳо мардумро дар хонавайронӣ ва ҳалокат меғӯтонанд.10Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.11Аммо ту, эй одами Худо, аз ин ҳазар намо ва аз паи адолат, диндорӣ, имон, муҳаббат, сабр ва фурӯтанй бирав;12Дар роҳи имон ба таври нек талош намо, ҳаёти ҷовидониро аз они худ бисоз, ки барои он ту даъват гардидаӣ ва дар пеши шоҳидони бисьёр эътирофи нек кардаӣ.13Ба ҳузури Худое ки ҳамаро ҷон мебахшад, ва ба ҳузури Исои Масеҳ, ки дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст, ба ту амр мефармоям,14Ки ҳукмро то вакти зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ беайб ва бенуқсон риоя намоӣ,15Ки онро Фармонгузори таборак ва ягона, Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон дар вақти худ нишон хоҳад дод,16Ки танҳо Ӯ Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст,ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад. Ӯро то абад шавкат ва қудрат бод! Омин.17Сарватдорони ин дуньёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад;18Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд19Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки хаёти ҷовидониро аз они худ созанд.20Эй Тимотиюс! Он чиро,ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,21Ки баъзе касон ба он часпида, аз имон баргаштаанд. Файз бо ту бод. Омин.