Tajik

2 Timothy

1

1ПАВЛӮС, ҳаввории Исои Масеҳ бо иродаи Худо, ба ҳасби ваъдаи ҳаёт, ки дар Исои Масеҳ аст,2Ба Тимотиюс, фарзанди маҳбубам: файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Худованди мо Исои Масеҳ бод.3Шукргузорй менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам.4Шавқманди дидори ту ҳастам, - дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, - то аз шодӣ пур шавам,5Зеро ки имони бериёи туро, ки пештар дар модаркалонат Лӯид ва модарат Авниқо сокин буд, ба ҳотир меоварам ва яқин дорам, ки он дар ту низ сокин аст.6Ба ин сабаб ба ту хотиррасон мекунам, ки он бахшоинш Худоро, ки ба василаи гузоштани дастҳои ман дар туст, авҷ гиронӣ;7Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.8Пас, на аз шаҳодат додан ба Худованди мо ва на аз ман, ки бандии Ӯ ҳастам, ор дор,балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш,9Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз ааал дар Исои Масеҳ ато шудааст,10Вале алҳол ба василаи зуҳури Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ ошкор гардидааст, ки Ӯ мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард,11Ки барои он ман воиз ва ҳавворй ва муаллими халқҳо таъин шудаам.12Ба ин сабаб ман чунин укубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.13Намунаи суҳанони солимро, ки аз ман шунидай, бо имон ва муҳаббате ки дар Исои Масеҳ аст, пайравй намо.14Он амонати некро ба воситаи Руҳулқудсе ки дар мо сокин аст, нигоҳ дор.15Ту медонй, ки ҳамаи онҳое ки дар вилояти Осиё ҳастанд, маро тарк карданд; аз он ҷумла Фуҷлус ва Ҳармуҷнис.16Худованд ба аҳли хонаи Анисифӯрус марҳамат намояд барои он ки ӯ чандин бор маро дилдорй дод ва аз занҷирҳоям хиҷил нашуд,17Балки, ҳангоме ки ба Рум омад, бо ҷидду ҷаҳди зиёде маро чустуҷӯ намуда, ёфт.18Худованд ба ӯ ато фармояд, ки ба ҳузури Худованд дар он рӯз марҳамат пайдо кунад. Ва хизмати бисьёреро, ки у дар Эфсӯс барои ман кардааст, ту хубтар медонй.