Tajik

2 Timothy

2

1ПАС, эй фарзандам, бо файзе ки дар Исои Масеҳ аст, қавй бош.2Ва он чиро, ки аз ман дар ҳузури шоҳидони бисьёр пгунидай, ба одамони мӯътамаде бисупор, ки лаёқат дошта бошанд дигаронро низ таълим диҳанд.3Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳ ба уқубатҳо тоб овар.4Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад.5Ва агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад.6Зироаткори меҳнаткаш бояд аввалин шахс бошад, ки аз ҳосил баҳра барад.7Он чи мегӯям, бифаҳм ва Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод.8Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ дор, ки аз насли Довуд буд ва аз мурдагон эҳьё шуд, ба ҳасби башорати ман,9Ки барои он, мисли бадкоре, то ба дараҷаи занҷирҳо уқубат мекашам, аммо каломи Худо ба занҷирҳо банд нест.10Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.11Дуруст аст ин сухан: агар бо Ӯ мурда бошем, бо Ӯ зиндагй ҳам хоҳем кард;12Агар тоқат оварем, бо Ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд; вале агар инкор кунем, Ӯ низ моро инкор хоҳад кард;13Агар мо бевафо бошем, Ӯ вафодор аст, зеро ки Худро инкор карда наметавонад.14Ҳаминро хотиррасон карда, ба ҳузури Худованд ба онҳо дастур деҳ, ки ба баҳсу мунозира машғул нашаванд, ки он ҳеҷ фоида намебахшад, балки шунавандагонро парешонхотир месозад.15Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.16Вале аз ёвагӯии ношоям канорагирӣ намо; зеро ки ин кор мардумро боз ҳам зиёдтар ба маъсият гирифтор хоҳад кард,17Ва суханашон, ҳамчун мараз, паҳн хоҳад шуд. Дар миёни онҳо Ҳумниюс ва Филитус ҳастанд,18Ки аз ростӣ дур шуда, мегӯянд, ки "эҳьё аллакай воқеъ шудааст", ва имони баъзеро хароб мекунанд.19Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: "Худованд мансубони Худро мешиносад"; ва боз: "Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирй намояд".20Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок.21Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.22Аз шаҳавоти ҷавонӣ бигрез ва бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав.23Аз мубоҳисаҳои аблаҳона ва ҷоҳилона канорагирй намо, чун медонӣ, ки онҳо чанҷолҳоро ба вуҷуд меоваранд;24Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад,25Бо фурӯтанй мухолифонро насиҳат диҳад, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд26Ва аз доми иблис раҳоӣ ёбанд, ки вай онҳоро асири иродаи худ гардондааст.